РӮЗИ ҶАВОНОН
Бахшида ба рӯзи ҷавонон санаи 23-юми майи соли 2024 кормандони суди шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон барои дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймоии осоишта фаъолона иштирок намуданд.
Роҳпаймоии мазкур аз кӯчаи 20 солагии Истиқлолият оғоз гардида то боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Ваҳдат идома ёфта дар он Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода М.И., Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода С.И., намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, муасисаҳои таълимӣ ва сокинону фаъолони шаҳр иштирок доштанд, ки дар он Раиси шаҳр бо маърӯза баромад намуда ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрику таҳният намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур иштирокдорон аз гӯшаи дастовардҳои ҷавонони шаҳр дидан намуданд. Дар охир барои дар сатҳи баланд ва сазовор ҷашн гирифтани рӯзи ҷавонон барномаи фарҳангии ҳунармандони шаҳр табъи иштирокдорони чорабиниро болида гардониданд.