ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Суди шаҳри Ваҳдат дар партави дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Фармоиши хаттии роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши забонҳои русӣ ва англисиро байни судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ба роҳ монд.
Минбаъд тамоми судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар як ҳафта ду маротиба ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаро гирифта шуда, сатҳи забондонии кормандон дар сатҳи беҳтар таъмин карда мешавад.