ОҚИБАТИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

ОҚИБАТИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА

        Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушодаи худ парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «С» баррасӣ намуд. Судшаванда «С» бо ҷабрдида «Б» 21 октябри соли 2007 никоҳи расмӣ баста, оила барпо карда, соҳиби чор фарзанд шудаанд. Моҳи январи соли 2021 аз ҳам ҷудо гаштанд. Дар асоси ҳалномаи суд аз ҳисоби «С» ба фоидаи «Б» барои таъмини фарзандон алимент ситонида шуда, «Б» ҳамроҳи фарзандон дар манзили истиқоматии «С» маскун гашта, дар ҳуҷраи алоҳида зиндагӣ мекунанд. Агарчи онҳо аз ҳам ҷудо шудаву хоҷагиҳои алоҳида доштанд, судшаванда ҷабрдидаро мунтазам озори ҷисмониву руҳӣ медод. Ӯ чор маротиба бо «Б» ҷангу хархаша карда, лату кӯбаш намудааст. Дар натиҷа «Б» ҷароҳатҳо бардоштааст, ки аз ин хусус хулосаҳои судӣ-тиббӣ гувоҳӣ медиҳанд.

         Судшаванда дар маҷлиси судӣ худро дар содир кардани ҷиноят ҳақиқатан гунаҳкор дониста, аз иҷрои амалҳои ношоистааш изҳори пушаймонӣ намуд.

         Шоҳидони ноболиғ «В» ва «Г», ки фарзандони онҳо мебошанд, дар маҷлиси судӣ изҳор доштанд, ки бе ҳеҷ сабабе падарашон модарашонро дар назди онҳо лату кӯб менамуд, ба онҳо кӯмаки моддӣ намерасонад.

         Суд дар асоси моддаҳои 332-335, 338, 339, 341-344, 348, 351 ва 359-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон судшаванда «С»-ро дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1, моддаи 117-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунахгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 (ду) сол таъйин намуд.

         Бо дастрасии моддаи 71-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъйиншуда нисбати «С» шартан татбиқ карда нашуда, ба ӯ 1 (як) сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.

         Амалҳои зӯроварие, ки гунаҳкор «С» нисбати «Б» содир намудаасту боиси фурӯпошии оила ва ба тарбия эҳтиёҷманд гардидани фарзандонаш шудааст, бояд сабақи дигарон бошад.

 

Муовини Раиси суд;

Асрорӣ И.Қ.