ОҚИБАТИ МАСТӢ
Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҳуқувайронкунии маъмуриро нисбати шаҳрванд А. мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ истиқоматкунандаи ноҳияи Файзобод, Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаи Шерамон буда, 02-юми марти соли 1965 санаи таваллудаш, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби чор фарзанд, пеш суд нашудааст, дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 332 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳуқуқвайронкунанда А. ба худ хулосаи дахлдор набароварда, даст ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ зада санаи 01-уми майи соли 2024 соати 17:05 дақиқа бо воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ, талаботи банди 2.7 қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, воситаи нақлиётро дар ҳолати масти идора намудааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда А. иброз намуд, ки дар ҳақиқат ӯ санаи 01-уми майи соли 2024 соати 17:05 дақиқа бо воситаи нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар роҳ банди 2.7-и қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, воситаи нақлиётро дар ҳолати масти идора намудааст ва аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, шароити супоридани маблағи ҷаримаро надоштааст. Аз суд хоҳиш намудааст, ки нисбати ӯ ҷазои ҳабсӣ таъин карда шавад.
Кирдори содирнамудаи ҳуқуқвайронкунанда А. бо моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, банду баст карда мешавад. Инчунин кирдори ҳуқуқвайронкунанда А. бо баёноти худиқрории дар рафти мурофиаи судӣ манзур намудааш ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ исботи худро ёфтааст.
Суд ҳамаи ҳолатҳои корро ба инобат гирифта, лозим шуморид, ки нисбати ҳуқуқвайронкунанда А. ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт таъин намояд ва нисбати ҳуқуқвайронкунанда А. ҷазои сазовор таъин намуд.
Судяи суди шаҳри Ваҳдат:
Мирзозода С.Х.