ОҚИБАТИ ДУЗДӢ

ОҚИБАТИ  ДУЗДӢ

          Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳои ноболиғ «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, 13-уми октябри 2007 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, хонандаи синфи 11, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ноболиғ «Б» истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат 26-уми сентябри 2008 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад хонандаи сини 10, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 244 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

         Судшавандаҳои ноболиғ  «А» ва «Б» барои он гунаҳгор дониста шуданд, ки қаблан санаи 09-уми майи соли 2024, бо моддаи 32 қисми 3-244 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, бо дастрасии талаботи моддаи 89 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо татбиқ намудани чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявӣ дошта озод карда шуда, дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдонаи дуздӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон ва бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд задаанд.  Чунончӣ ноболиғ «А» аввалҳои моҳи ноябри соли 2024 бо ҳамроҳии ноболиғ «Б», нақшаи содир намудани ҷинояти дуздиро таҳрезӣ намуда бо мақсади амалӣ намудани он объекти ҷинояти дуздӣ маблағҳои пулии шаҳрванд «Г»-ро таваллудаш 10-уми октябри соли 1948, сокини шаҳри Ваҳдат, интихоб намудаанд. Аз сабаби оне, ки ҷабрдида «Г» бибии судшавандаи ноболиғ «А» ба ҳисоб меравад судшавандаи ноболиғ огоҳ буда дар ҳуҷраи истиқоматиаш маблағи пулиро нигоҳ медорад ва оиди ҳолати мазкур дар фурсати барояшон мусоид  тавассути кушодани тирезаи ҳуҷраи манзили истиқоматии вориди он гардида аз дохили сандуқи чубини дар қисмати чапи ҳуҷраи истиқоматии ҷабрдида «Г» гузошта шуда, ки болояш бо курпаю болишт маҳкам карда шуда буд, мунтазам маблағҳои пулии онро, ки 21500 (бисту як ҳазору панҷсад) сомониро ташкил медод, қисм-қисм тасарруф намудаанд, ки маблағҳои тасарруф намудаи онҳо ҷамъ 14000 (чордаҳ ҳазор) сомониро ташкил дода, онҳо маблағи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашонро байни ҳам тақсим намуда минбаъд дар маркази шаҳри Ваҳдат ба манфиати шахсиашон истифода намудаанд. Бори охир ноболиғ «А» ва ноболиғ «Б» дар санаи 08-уми ноябри соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ дохили ҳуҷраи истиқоматии ҷабрдида «Г» гардида аз дохили сандуқи чубин бо тариқи пинҳонӣ маблағи 2000 (ду ҳазор) сомониро тасарруф намуда ҷойи ҳодисаро тарк намуда ва маблағи мазкурро байни ҳам тақсим намуда ба манфиати шахсиашон сарф намудаанд, ки дар маҷмуъ ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидаанд.

         Ҳангоми тартиб додани маводҳои аввалиндараҷаи санҷиши аз ноболиғ «Б» маблағи 300 (сесад) сомонӣ, ки маблағи мазкур аз ҳисоби маблағҳои тасарруф намудаашон аз манзили истиқоматии ҷабрдида «Г» дар ӯ боқи монда буд, ҳамчун далели шайъи гирифта шудааст.    

         Дар рафти мурофиаи судӣ судшавандаҳои ноболиғ «А» ва «Б» худашонро дар содир намудани ҷинояти зикршуда пурра гунаҳгор шуморидаанд, аз кирдори содирнамудаашон сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуданд, ки нисбаташон ҷазои сабук таъин карда шавад.

         Ҷабрдида «Г» дар мурофиаи судӣ  изҳор дошт, ки зарари аз тарафи судшавандаҳои ноболиғ ба ӯ расонидашуда барқарор нагардида, инчунин ӯ нисбати судшавандагони ноболиғ ягон даъво надорад. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати судшавандагони ноболиғ дар доираи қонун ҷазои сабук таъин карда шавад.

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшавандаҳои ноболиғ «А» ва «Б», ҷабрдида, шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшавандаҳо «А» ва «Б»-ро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба онҳо ҷазои сазовор таъин намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

И. Ҳалимбекзода.