ОҚИБАТИ АВБОШӢ

ОҚИБАТИ  АВБОШӢ

          Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, 28-уми июли 1992 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби панҷ фарзанд, муваққатан бекор, пеш суд нашудааст дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

         Судшаванда «А» санаи 30-юми апрели соли 2024 соатҳои 02:30 дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, барои дилхушӣ ва истироҳат намудан ба маркази дилхушии «Шафранг» воқеъ дар кӯчаи Роҳатии шаҳри Ваҳдат рафта, дар он ҷой рақсу бозӣ намудааст. Дар вақти дилхушӣ намудан бо ҷабрдида «Б», ки номбурда дар ҳолати мастӣ қарор доштааст вохӯрда, ҷабрдида ӯро аз дасташ дошта ба назди дари даромадгоҳи маркази дилхушӣ бурда, онҷой каме суҳбат намудаанд. Дар вақти суҳбат намудан байнашон якдигарнофаҳмӣ ба миён омада, бо ҳамдигар ҷанҷол карда бо дасту пойҳояшон якдигарашонро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Сипас муҳофиз ва шахсони дигари дар дохили маркази дилхушӣ қарор дошта омада онҳоро аз якдигар ҷудо намуда, ба ҷанҷолашон хотима бахшидаанд. Дар натиҷаи ҷанҷол ҷабрдида «Б» ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. Инчунин бо ин кирдори авбошонаи худ, тартиботи ҷамъиятиро муддати 5-10 дақиқа вайрон карда, оромии шахсони дар он ҷой бударо халалдор сохтаанд.

         Мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ аз 22-юми майи соли 2024 ҷароҳатҳои ҷисмонии бадани шаҳрванд «Б» дар намуди захми латхурдаи фарқи сар, ҳамчун расонидани зарари сабук ба саломатӣ мансуб дониста шудааст.

         Бо чунин кирдораш судшаванда «А» ҷинояти дар моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэхтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зӯроварӣ ба шаҳрвандон пешбинӣ менамояд, содир намудааст.

         Дар рафти мурофиаи судӣ судшаванда «А» худашро дар содир намудани ҷинояти зикршуда пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

         Намояндаи қонунии ҷабрдида дар мурофиаи судӣ  нишондод додааст, ки ҷабрдида «Б» бародараш буда, охирин вақтҳои охир ба нӯшидани нушокиҳои спиртӣ зиёд майл пайдо карда, ба саломатиаш зарар расонида санаи 23-юми июли соли 2024 вафот кардааст. Ӯ ҳамчун намояндаи қонунии ҷабрдида нисбати судшаванда «А» ягон даъво надорад ва аз суд хоҳиш намуд, ки нисбати охирин ҷазои сабук таъин карда шавад.   

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшаванда «А», шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А»-ро бо моддаи 237 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба ӯ ҷазои сазовор таъин намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

И.М. Муминзода.