НАҚШИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Пас аз ба даст овардани Истиқлолили давлатӣ яке масъалае, ки ҳалли худро талаб мекард ин қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Баъд аз қабул намудани Конститутсия 6-уми ноябри соли 1994 ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳимми сохтори ҳокимияти давлатӣ ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид ва дар мақоми ниҳоди татбиқкунандаи адолати судӣ ташаккул ёфт. Бар асоси ин, бори нахуст дар низоми судии кишвар ниҳодҳои мустақили судӣ – Суди конститутсионӣ, Судҳои иқтисодӣ ва Суди ҳарбӣ таъсис дода шуданд. Дар низоми судии кишвар ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Мутобиқи арзишҳои ҷомеаи демократӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақил ва алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, фаъолияти он ба ниёзҳои замон ва асноди байналмилалӣ ҳамоҳанг гардид. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва ягона ворид гардид.
Санаи 10-уми марти соли 1992 бо Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуданд, ки дар онҳо ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақому фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ ва тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ инъикоси худро ёфтанд. Дар ҳамин радиф амалӣ гардонидани адолати судӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис дода шуданд, ки ин як комёбии назаррас дар низоми судӣ буд, зеро то қабули Конститутсия дар кишвар танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи кишвар имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҳокимияти судии мустақил ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ буда, ба инкишофу таҳкими институтҳои демократӣ, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ноил гардидааст. Мутобиқи талаботи қонунгузорӣ хусусияти хоси адолати судӣ, ба мисли мустақилият ва аз ҷониби судҳо беғаразона баррасӣ намудани парвандаҳо, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат кардани онҳо, риояи услубҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳамаи иштирокчиёни мурофиа дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ кафили муҳимми таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии давлату ҷомеа ба шумор меравад. Дар заминаи ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999 ва 2003 низоми ҳокимияти қонунгузор такмил дода шуда, зимни он мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар иборат аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфта, ҳамзамон бо ин, дар асоси ин ислоҳот фаъолияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ такмил дода шуд ва муҳлати ваколати судяҳо даҳ сол муқаррар гардид. Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ аз ҷиҳати тарзи ташкиливу сифатӣ ва миқдорӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ арзи вуҷуд намуда, инчунин синни ниҳоии ба вазифаи судягӣ интихоб ё таъин гардидан аз 60 ба 65 сол тағйир дода шуд. Бо мақсади аз салоҳияти ҳокимияти иҷроия, яъне аз тобеияти Вазорати адлия баровардани масъалаҳои ташкилии ҳокимияти судӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1999 таҳти №48 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, ҳалли масоили мазкур ба уҳдаи ин сохтори навтаъсиси коллегиалӣ вогузор гардид.
Яке аз падидаҳои муҳимми демократие, ки дар конститутсияи аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дарҷ гардидааст ва дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инъикос ёфтааст, ғояи таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ маҳсуб меёбад, яъне барои аз ҷониби тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мустақилона, бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ба амал баровардани салоҳияти худ кафолати қонунӣ муқаррар шудааст. Дар моддаи 9-и Конститутсия ҳокимияти судӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф шуда, дар боби 8-и он (моддаҳои 84-92) вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талабот оид ба таъин ва интихоби судяҳо дар низоми судӣ мушаххас гардонида шудааст ва адолати судӣ омили муҳимми таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо маънидод шудааст. Қобили зикри хос аст, ки дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва татбиқи амалии адолати иҷтимоӣ нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим мебошад. Зеро, маҳз Президенти муҳтарам рушди фаъолияти ҳокимияти судиро яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат эълон кард, ки дар заминаи он то ба имрӯз барои ташаккули низоми судии кишвар ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа корҳои назаррас ва муҳим ба анҷом расонида шуданд.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ иқдомоти зиёдеро амалӣ карда истодааст, ки зиёд намудани воҳидҳои вазифаи судя ва кормандони дастгоҳи судҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории буҷети мақомоти судӣ, таъмини судҳо бо биною таҷҳизоти муосир, пайвастшавӣ ба интернет, таъсиси сомонаи интернетии судҳо ва монанди инҳо аз ҷумлаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда мебошанд.
Бояд гуфт, ки таълими самаранок ва босифати кадрҳои ҷавони ҳокимияти судӣ ба васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, болоравии малакаи касбии онҳо ва беҳтар шудани сифати адолати судӣ мусоидат менамояд. Доир ба ин масъалаи муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳо ва кормандони масъули мақомоти судӣ 21-уми ноябри соли 2019 бори дигар таъкид намуд, ки «судя дар баробари донишу таҷриба бояд виҷдони пок, одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста дошта бошад. Чунин тарзи интихоби кадрҳо имкон медиҳад, ки дар оянда содир намудани амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби амаликунандагони адолати судӣ аз байн бурда, мақом ва нуфузи ҳокимияти судӣ баланд бардошта шавад».
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳокимияти судӣ аз иҷрои вазифаи худ – ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муваффақона баромада, фаъолияти худро ҷиҳати боз ҳам бештар сазовор шудан ба эътимоди мардуми кишвар густариш бахшида истодааст.
Муовини Раиси суд;
Асрорӣ И.Қ.