НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ МУСТАҚИЛИЯТИ СУДӢ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянкунандаи солоҳиятҳои мақомоти давлатӣ, иқтидори сиёсӣ ва кафолатдиҳандаи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, нақш ва мавқеи он дар ҷодаи давлатдорӣ хеле муҳим мебошад. Он ҳамчун Қонуни олии кишвар муайянкунандаи мазмуну мундариҷаи ҳамаи қонунҳо дониста мешавад.
Лоиқ ба зикр аст, ки пас аз эълони соҳибистиқлолии кишварамон барои муайян намудани шаклу низоми идоракунии давлатдорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини дунё эътироф намуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти хоси ҳуқуқӣ буда, санади меъёрии ҳуқуқии устуворест, ки ҳеҷ як шахси мансабдор, ҳокимияти давлатӣ ва ё мақомоте, ки дар доираи меъёру муқаррароти он таъин, интихоб ё таъсис ёфтааст, наметавонад мазмуну муҳтавои онро тағйир диҳад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он тибқи тартибе, ки дар он муқаррар шудааст, сурат мегирад. Тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар асоси он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо карда шуда, мустақиман фаъолият мекунанд. Риояву ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ, худидоракунии маҳаллиро Конститутсия муайян карда, ба воситаи ҳокимияти судӣ ва аз ҷониби судҳо амалӣ гардидани онҳоро кафолат додааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар таърихи ҷумҳурӣ ин аввалин санаде буд, ки ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатии танҳо ба Конститутсия ва қонун итоаткунанда эътироф кард. Инчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар он мавқеи хосаро ишғол намуд.
Бо назардошти нақшу мавқеи ҳокимияти судӣ моддаи 84 Конститутсия чунин меъёрро пешбинӣ мекунад: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад, Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Инчунин, меъёри мазкур низоми судиро муқаррар намудааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Конститутсия принсипҳои фаъолияти судиро муқаррар карда, пеш аз ҳама, ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона гардидааст. Аз ҷумла, кафолати ҳифзи судӣ доштани шаҳрвандон. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Инчунин, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Дар судҳо ошкоро баргузор гардидани мурофиаи судӣ (ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ки ин ҳолат ба дахлнопазирии фардӣ, амнияти давлату миллат ё фаъолияти тиҷоратӣ равона гардидаанд) ба ҳамон маънист.
Ба ғайр аз ин, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, барои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоти ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бечунучаро ба иҷро расонида шаванд. Иҷро накардан ва ё монеъ шудан ба иҷрои санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои ҷомеа босуръат пеш меравад ва табиист, ки рушдёбӣ тақозо менамояд, ки вобаста ба он навигариҳое, ки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҳар як кишвар ба миён меоянд, қонунгузорӣ низ такмил дода шавад.
Вобаста ба вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ, афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои миллату мустаҳкамии давлат, рушди бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт ва муҳайё намудани шароити арзанда барои шаҳрвандон зарурати такмили Қонуни асосӣ ба миён омада, меъёрҳои он низ такмил ёфтаанд. Тағйиру иловаҳои воридгардида таҳкими мустақилияти судиро низ дар бар гирифта, барои гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ замина гузошт.
Бобати иҷрои меъёрҳои Конститутсия се Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ тасдиқ гардида, мақомоти судӣ аз тобеияти ҳокимияти иҷроия бароварда, барои воқеан таъмин намудани мустақилияти он қадамҳои устувор гузошта шуд.
Дар ин раванд, баррасии масъалаҳои маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, ки Конститутсия ҳангоми пайдо шудани зарурат пешбинӣ намудааст, тибқи қонун ба салоҳияти мақомоти судӣ вогузор карда шуд.
Як қатор қонунҳое, ки фаъолияти судҳоро танзим менамоянд, аз ҷумла, Кодексҳои мурофиавӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд, ки баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҷомеа ва таъмини рушди низоми қонунгузорӣ мусоидат мекунанд.
Инчунин, дар сохтори судӣ ниҳодҳои нав ҷорӣ карда шуд. Вобаста ба таъмин намудани ягонагӣ, мустақилӣ, волоияти қонун ва бо мақсади мукаммал гардонидани қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти мақомоти судӣ Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул гардид, ки муносибатҳоро марбут ба тарзи ташкил ва фаъолияти судҳои кишвар (ба истиснои Суди конститутсионӣ), вазифаҳои суд, мустақилияту дахлнопазирии судя, манъ будани дахолат ба фаъолияти суд, ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ, таъмини фаъолияти ташкилӣ ва моддӣ-техникии судҳо ва ғайраро дар бар мегирад.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани танзими мунсибатҳои ҷамъиятӣ тақозо мегардад, ки ба танзими қонунӣ ва кафолатҳои ҳифзи судӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, зеро рушду такомули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими кафолати ҳифзи судии онҳо барои инкишофу пешравии ҷомеа зарур мебошад.
Мо кормандони муқомоти судӣ, тамоми кӯшишу ғайратамонро бар он равона мекунем, ки дар байни ҷомеа бо фаъолияти самаровару ибратбахши худ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссагузор бошем.
Муовини Раиси суд;
Асрорӣ Ифтихор