Мулоқоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат бо кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ
Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон дар санаи 10-уми июли соли 2024 дар Муасиссаи ислоҳии ЯС 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор намуд. Ҳадафи асосии гузуронидани мулоқот ин пешгирии содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ ва бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқи эълон намудани соли 2024 буда, таъкид карда шуд, ки “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024” ва ба ифтихори 30-солаги Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 дар мамлакатамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Мо дар баробари қабули Конститутсияи миллии хеш эълон намудем, ки ҳадафи олии мо ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёду демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Мардуми тоҷик маърифати ҳуқуқии баланд дорад, ки исботи он Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути райъпурсии умумихалқӣ мебошад. Зеро маърифати волои ватандустӣ ва дарки дурусти қонунгузорӣ имкон дод, ки 30-сол муқаддам мо Конститутсияи милии хешро қабул намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон худро давлати ҳуқуқбунёд эълон намудааст ва шарти асосии давлати ҳуқуқбунёд ин волоияти таъмини ҳуқуқӣ мебошад. Барои таъмини волоияти қонун ба мо зарур аст, ки маърифати ҳуқуқии худро сайқал диҳем, талабот ва меъёрҳои қонунро донем, онро иҷро намуда, фаъолияти худро дар чаҳорчубаи қонун ба амал барорем.
Инчунин ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем. Воқеан мо тавонистем, ки зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат роҳҳои байналмилалӣ бунёд намуда ба иқтисоди ҷаҳон пайваст гардем, инчунин неругоҳҳои обии барқӣ бунёд намудем, корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда ҳазорон ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони мамлакатамон муҳайё намудем, ки ин ҳама баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи миллиамон мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки сиёсати давлату миллатамонро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ саҳмгузор бошем. Таҷрибаи талхи иддае аз халқияти давлатҳо моро водор ба он менамояд, ки ҳиссаи миллии худро боло бардошта, манфиати давлату миллатамонро аз ҳамаи дигар манфиатҳои шахсӣ боло гузорем.
Ба ғайр аз ин Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон, ҳайати шахсии муасисаро ба он даъват намуд, ки маҳз таъмини ягонагии қонун ва риояи ҳатмии меъёрҳо ба мо имкон медиҳад, ки дар давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ зиндагонӣ намоем. Зеро, ки Шумоён афсарон як ҷузъи ҷудо нопазири қувваҳои бузурги ҷомеа ба шумор меравед.
Ҳамчунин нисбати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон барои мустаҳкам намудани пояи давлатдорӣ арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватанпарастию миллатшиносӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, ифтихор аз ватандори гуфта гузаштанд.
Дар охир бо шукргузорӣ аз тинҷиву оромии кишвар, аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо умеди нек ба зиндагии оянда, бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ аз сиёсати давлату Ҳукумат пуштибони намуда, баҳри ободӣ ва пойдории сулҳу истиқлоли Ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Раиси суди шаҳри Ваҳдат:
Камолзода С.И.