Мулоқоти муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Х. ва судя Ҳусензода Х.Ҳ. дар муасисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ

Мулоқоти муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Х. ва судя Ҳусензода Х.Ҳ. дар муасисаи ислоҳии ЯС 3/1 СРИҶҶ ВА ҶТ

Муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло ва судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусен дар Муасиссаи ислоҳии ЯС 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯри баргузор намуданд. Ҳадафи асосии гузуронидани мулоқот ин пешгирии содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ буда, иброз гардид, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дастгирӣ ва дар амал татбиқ намуда барои пешрафти Ватани азизамон саҳми хешро гузорад.

Инчунин даъватшудагон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024-ро чунин шарҳ доданд, ки ба ифтихори 30- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид. Мақсад аз он мебшад, ки ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад ва дар он танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад. Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 аз санаи 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:

-Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;

-Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;

-Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқии инсон ва муносибатҳои эҳтиромона ба он;

-Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;

-Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ оштинопазирӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;

-Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;

-Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиносони забоншинос.

Арзишҳои ҳуқуқӣ арзишҳое фаҳмида мешавад, ки дар қонун комилан ё қисман таҷассум ёфтаанд. Ба чунин арзишҳо озодӣ, адолат, баробарӣ, кӯмаки мутақобила яъне арзишҳое дохил мешаванд, ки дар доираи чорчӯбаи қонун ва ахлоқ амал менамоянд. Дар айни замон муҳимтарин арзишҳои демократӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, ҳуқуқи инсон ва сулҳу суботи давлат мебошад.

Ҳамчунин нисбати ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон барои мустаҳкам намудани пояи давлатдори арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ватанпарастию миллатшиносӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, ифтихор ва ватандорӣ гуфта гузаштанд.

Муовини Раиси суди ш.Ваҳдат Ҳабибуллозода Х.,

Судяи суди ш.Ваҳдат Ҳусензода Х.Ҳ.