МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАҲКИМИ ҶОМЕА

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТАҲКИМИ ҶОМЕА

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд.

         Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон намуда, дар баробари ин, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян намуд.

         Дар сурати ҳуқуқбунёд эълон гардидани давлатамон тамоми ҷомеаи кишварамонро мебояд, ки баҳри донистани қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ худро мувазаф донанд.

         Бояд зикр намуд, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024-ум баҳри татбиқи амалии «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» аз 6 феврали соли 2018, №100, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон нигаронида шуда, яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, мусоидати комил менамояд.

         Ёдовар шудан зарур аст, ки тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати тарбиявии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон анҷом дода мешавад. Ташаккули инсони комил истифодаи якҷояи ҳамаи намудҳои тарбияро талаб намуда, тарбияи ҳуқуқӣ бо дарназардошти арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳанги миллӣ ба амал бароварда мешавад.

         Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

         Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагии қавӣ дошта, ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ (инкори маслаку мафкура, хулқу одоб ва сохти маъмулии ҷамъият) мусоидат карда, инчунин, дар ботини шахс эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба вуҷуд оварда, шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос менамояд.

         Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ба иҷро расонидани чанд тадбири муҳим, аз ҷумла дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ намудани нақшаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба иқдоми болозикр ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир намудани озмуни умумишаҳрӣ зери унвони «Қонун-танзимгари ҷомеа» барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз фоида холӣ нест.

         Итминони комил дорем, ки дар сатҳи баланд гузаронидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баҳри дар кишварамон таҳким ёфтани ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидати комил хоҳад намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат,

Сайёра Мирзозода.