Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Санаи 26-уми июни соли 2024 ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Сараввал Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон ҳозиринро бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз намуданд, ки «Истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд. Ваҳдати миллӣ самараи талошҳои ватандӯстонаи хурду бузурги давлати тозабунёдамон ва хизмати таърихи халқи Тоҷикистон мебошад ва маҳз ба ҳамин хотир, мо вазифадорем, ки ин неъмати бебаҳоро ба мисли гавҳараки чашм азизу гиромӣ дорем ва ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. Дар иртибот бо ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро лозим аст, ки бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва ватандориву хештаншиносӣ баҳри анҷом додани рисолати худ оид ба пойдору беосеб нигоҳ доштани давлату миллат ва кишвари хеш дар вазъияти ноороми ҷаҳони имрӯз тамоми нерӯю қувва ва имкониятҳоро баҳри пойдориву ободии давлатамон сафарбар намоем. Кӯшиш кунем, ки ваҳдату ягонагӣ ва пойдории давлатамонро нигоҳ дорем. Фаромӯш насозем, ки асоси пойдории сулҳу субот ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву бародарии ҳамаи сокинони кишвар мебошад.
Инчунин ба маърӯзаҳои табрикоти бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло, судяҳо Муминзода Исмоил Маҳмадулло ва Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолу ваҳдати давлатӣ ва садоқату ватандӯстӣ даъват намуданд.