Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 33-юмин солгарди
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 05-уми сентябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, муовини Раиси суд Асрорӣ Ифтихор Қурбон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Сараввал Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон ҳозиринро бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон иброз намуданд, ки «Истиқлолият ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатамон заминаи асосӣ гузоштанд.
Сию се сол муқаддам миллати тоҷик тавонист дар як лаҳзаи душвори таърихӣ истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили комилҳуқуқ шинохта гардад, аммо воқеаҳои даврони гузашта-ба вуҷуд омадани ҷанги дохилии сиёсӣ, талош барои ҳокимият, нақшаву ниятҳои нопоки душманонаи ватанфурўшон, хиёнати иддае аз шахсоне, ки худро ватандуст меҳисобиданд боиси харобшавии давлат гардида, хатари аз байн рафтани давлати миллиамонро оварда буд. Омили асосии нигоҳдорандаи истиқлолияти давлатӣ дар ин лаҳзаҳо ин ба вуҷуд овардани сулҳ ва дар вазъияти мўътадил нигоҳ доштани кишвар ба шумор мерафт, ки баракси ҳол ивазшавии пай дар пайи роҳбарони давлат, авҷи аълои маҳалгароӣ, фаъолияти ҷосусонаи душмонони дохиливу хориҷӣ, набудани иқтидори мудофиавӣ боиси боз ҳам авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, бесарусомониву беқонуниро афзоиш дод. Халқи тоҷик бо дарки масъулияти баланди таърихӣ бо мақсади нигоҳ доштани ин сарнавишти ягонаи миллат тавонист бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ояндасозу дурандеши худро интихоб намояд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони ҳузурдошта дар Иҷлосияи мазкур Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат интихоб гардида, масъулиятро барои имрўзу ояндаи дурахшони давлат ба зиммаи худ гирифт. Таъмини ваҳдату миллӣ ва ягонагӣ дар кишвар маҳз унсури ягонаи нигоҳдорандаи истиқлолияти давлатӣ ба Шумор мерафт, зеро вазъияти мураккаби сиёсии кишвар хатари қисм ба қисм ҷудо гардидани давлатро оварда буд. Хушбахтона давлати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии пайваставу дастгирии халқи кишвар аз ҳукумати қонунӣ ва хизматҳои фидокоронаи фарзандони бонангу номуси хеш тавонист ба сулҳи деринтизори хеш ноил гардида, ваҳдату ягонагиро дар кишвар таъмин намояд, ки дар ин бора Президенти кишвар дар суханронии хеш қайд намудаанд «Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар ин айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рўз табдил ёфта буд».
Мо бояд истиқлолияти миллии хешро ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ҳифз намуда, кўшиши ягонаи худро барои ягонагиву якпорчагии кишварамон равона намоем, зеро танҳо мо шаҳрвандони асили ин давлату миллат вазифадорем, ки ҳастии хешро барои ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, рушди мамлакатамон равона намуда, қарзи виҷдонӣ ва модарии хешро адо намоем. Дар иртибот ба ин Пешвои муаззами миллатамон дар суханронии хеш қайд намудаанд, ки «Таърихи башар исбот намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад».
Инчунин аз тарафи роҳбарияти суд бахшида ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои фаъолияти бенуқсон, босифат иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, баҳри ба амал барории адолати судӣ кормандони суди шаҳри Ваҳдат бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин ба маърӯзаҳои табрикоти бахшида ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло, судя Ҳусейнзода Хусрав Ҳусейн баромад намуда, ҳозиринро ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.