Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди

             Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

        Санаи 04-уми ноябри соли 2024 ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Сараввал Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон ҳозиринро бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуда, иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид бори аввал дар худ падидаҳои нави демократиро ғунҷоиш дод, ки тавассути меъёрҳои он ба ҳар як шахс кафолати ҳуқуқу озордиҳо таъмин гардид. Гуногуншаклии моликият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, озодии баён ва сухан ва ғайраҳо аз ҷумлаи падидаҳои нави демократие мебошанд, ки дар Конститутсияи кишвар таҷассум гардиданд. Воқеъан ҳар як меъёри Конститутсия бо дарназардошти арзиши воло доштани ҳуқуқҳои инсон пешбинӣ гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба хуби дарк намуд, ки ҳадафи асосии меъёрҳои Конститутсия ин аз таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ равона карда шудааст.

         Бояд гуфт, ки дар воқеъ Конститутсияи мо дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби тамоми давлатҳо ва созмонҳои байналмилалии ҷаҳон ба сифати Конститутсияи беҳтарини ҷахон эътироф карда шуда, ба даҳгонаи беҳтарин дохил карда шудааст, ки ин боиси ифтихор ва фараҳмандии ҳар як сокини мамлакат ба хусус шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи мазкур аз ҷониби халқ бо иштироки бевоситаи онҳо тавассути райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, дар он ифода ва изҳори олии халқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият ба шумор рафтани халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дахлнопазир будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафолати озодии баён ва сухан, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, гуногунандешии моликият, эътирофи ҳуқуқҳои фитрии инсон, баробарҳуқуқии ҳар як шахс новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, таъсиси низоми дузинагии парламент, кафолати судӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, таъсиси низоми судии мустақил ва як қатор арзишҳои дигари демократӣ боис гардиданд, ки Конститутсияи кишвар ба беҳтарин Конститутсияҳои ҷаҳон ворид гардид.

         Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳамчун яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуда, вазифаи баамалбарории адолати судиро аз номи давлат ба зимаи хеш гирифтааст. Суд ягона шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки адолати судиро ба амал бароварда, ҳуқуқи истисноии шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор ва ё бегуноҳ ҳисобиданро дорад. Ҳамчунин яке аз падидаҳои нави конститутсионӣ, ки дар низоми судии кишвар бо баробари қабули Конститутсияи кишвар ба амал омад, ин таъсиси суди контитутсионӣ мебошад, ки вазифаи асосии он ҳифз намудани меъёрҳои конститутсионӣ ва бартараф ва ё бекор намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухолифи конститутсия мебошад.

         Кафолати конститутсионии мақомоти суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар он таъмин мегардад, ки мувофиқи меъёрҳои он судяҳо ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ мустақил буда, санадҳои судии хешро дар доираи талаботи қонун ва бе дахолати ягон шахс қабул менамояд, ки ҳеҷ як шахс ҳуқуқи дахолат намудан ба фаъолияти судиро надорад.

        Дар воқеъ чихеле, ки гуфта шуд дар Конститутсияи мамлакат диққати асосӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, чун субъекти асосӣ нигаронида шуда, меъёрҳои он ҳифзи ҳар як шаҳрванд ва инсонро таъмин намуда, дар баробари он ӯҳдадор менамояд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсон вазифадор мебошанд, ки меъёрҳои Конститутсияро риоя ва иҷро намоянд. Конститутсия ҳар як шахсро таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дода, муайян намуд, ки ҳар як шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, забон ва эътиқоди динӣ зери ҳимояи қонун қарор дорад.

        Барои рушду инкишоф ёфтани ҳар як давлат, таъмини сулҳу суботи кишвар пеш аз ҳама зарур меояд, ки низоми ҳуқуқии кишвар дуруст ба танзим дароварда шуда, қонун тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро ба танзим даровардаасту, мардум дар рӯҳияи риоя ва иҷрои қонунҳо зиндагонӣ менамоянд. Барои ҳамин ҳар яки мо  бояд дарк кунем, ки Конститутсияи мо арзишҳои волои демократиро пешбинӣ намудаасту тавассути он ба ҳар як шахс шароити озоди зиндагӣ таъмин шудааст. Вазифаи асосии мо ҳамчун шаҳрванд ин риоя ва иҷро намудани ҳар як меъёри Конститутсия ба шумор меравад, ки бо ин роҳ мо метавонем рушду низоми давлатдории худро таъмин намуда, низоми ҳуқуқии кишварро мустаҳкам нигоҳ дорем. Зеро танҳо дар рӯҳияи итоати қонун ва иҷро намудани меъёрҳои он мо метамонем рушду инкишофи давлати миллии хешро таъмин намуда, ба ҳадафҳои миллии хеш ноил гардем.

        Гузашти таърих исбот намуд, ки Конститутсияи кишвар дар як марҳилаи пурҳассостарини кишвар қабул гардида, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии кишварро аз ҷиҳати низоми ҳуқуқӣ таъмин намуд, ки дар қабули он саҳму ғайрати беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дучанд зиёд мебошад, ки Халқи Тоҷикистон тавассути дастгирӣ аз сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи ҳамин абраманди сиёсат тавонист ҳифзи истиқлолияти давлатии худро таъмин намуда, дар як марҳилаи душвори таърихӣ, ки Тоҷикистон дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор гирифта буд ба қабули Конститутсияи миллии хеш ноил гардид.

         Инчунин ба маърӯзаҳои табрикоти бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло, судяҳо Муминзода Исмоил ва Икромзода Ҷумахон  баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.