КОНСТИТУТСИЯ

КОНСТИТУТСИЯ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навтарин ворид карда шуданд, ки 22 майи соли 2016 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ пазируфта шуданд. Тағйиру иловаҳои воридшуда бо мақсади бо пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат нигаронида шудаанд. Конститутсия воқеан ҳуҷҷати умумии ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо буда, он манфиатҳои ҳамаи моро баробар ҳифз мекунад. Ҳамаи мо беистисно дар назди қонун ҳам дар ҳуқуқ ва ҳам дар ӯҳдадориҳо баробарем. Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи эъҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Ҳамин Конститутсия аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон ин ҳама шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз нажод, миллат, мансубияти мазҳабӣ, ақидаҳои сиёсӣ, моликият ва ғайра.

         Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус дода истодааст. Бо ҳамин хотир имрӯз дар Конститутсия чандин меъёрҳо амал карда истодааст. Вобаста ба меҳнати онҳо, озодии меҳнати онҳо вобаста ба таҳсил намудани ҷавонон инчунин мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсили умумии асосӣ имрӯз мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. Ҷавонон ҳуқуқ доранд, ки ба тариқи ройгон аз таҳсили умумӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва дигар намудҳои таҳсил истифода кунанд. Дар Конститутсия ӯҳдадориҳои асосии шаҳрвандон ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки ҳар як он синну-солаш ба даъвати ҳарбӣ расидааст ӯҳдадор аст, ки барои ҳимояи модар Ватан хизмат кунанд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат;

Мирзозода С.Х.