ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

            Дар санаи 05 сентябри соли 2019 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни 28 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои неки худро иброз намуд.

 

        Вобаста ба ин роҳбарияти суд дар чорабиниҳои ҳукумати иштирок намуда, баромадҳо намуданд. Инчунин раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат дар шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баромаду суҳбатҳо баргузор намуда дар рузномаву маҷаллаҳо мақолаҳо ба чоп расониданд.

 

Ба ғайр аз ин гирду атрофи бинои суд тозаву озода нигоҳ дошта шуда, бинои суд бо шиору овезаҳои ҷашни оро дода шуд.