ИСТИҚЛОЛ-ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛ-ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

      Дар Тоҷикистони азизи мо ҷашнҳои зиёде таҷлил карда мешаванд, аммо истиқлол чун тавлиди навини давлату давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама-озодии миллат дар зеҳни мардуми мо мақоми баланде дорад. Зеро истиқлол дастоварди милливу таърихии халқамон буда, пояи асосии бақои давлат ва пойдории миллат аст.

         «Ҳар гоҳе сухан аз Истиқлоли давлатӣ ё миллӣ равад, мо бояд ёдовар шавем, ки қадами асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар миллат андешаи Истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад»,- таъкид мекунанд Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

         Дар назди саҳифаҳои таърих 33 сол фосилаи чандон тӯлонӣ нест. Аммо дар ин муддат мардуми баору номуси тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист корҳоеро анҷом бидиҳад, ки дар чандин даҳсолаҳо орзуи ширине беш набуд. Мардуми шарифи тоҷик бо шукргузорӣ аз Истиқлоли Ватан дар атрофи Сарвари фарзонаи худ боз ҳам зичтар муттаҳид гашта, барои афзун намудани самараи меваи шаҳдбори Истиқлол кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Имрӯз бунёдкориву созандагӣ, ба кор андохтани иқтидори нави истеҳсолӣ ва муҳимтар аз ҳама, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва пайваста баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба мушоҳида мерасад. Бо шарофати Истиқлол ҳамаи шаклҳои истеҳсолот инкишоф меёбанд.

         Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии шоистаи аҳолӣ кору пайкори назаррасе ба анҷом мерасонанд. Дар ҳамаи пешравиҳо ва муваффақияту комёбиҳои ба даст овардаи Тоҷикистони азиз ҳамаи сокинони бофарҳанги кишвар пешоҳанганд. Ободии кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, бунёди садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва манзилҳои баландошёнаву зебои истиқоматӣ далели ин гуфтаҳоянд.

         Ман хушбин ҳастам ва дилпурона гуфта метавонам, ки мулки биҳиштосои мо боз ҳам рушд мекунад ва ба як кишвари пешрафтаву гулгулшукуфони дунё табдил меёбад.

 

Муовини якуми Раиси суд

Ҳабибуллозода Хайрулло.