ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ
ВАҲДАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ
Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат бо мақсади дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим» санаи 19-уми майи соли 2024 дар чорабинии оммавӣ «Дави миллӣ», ки дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинони шаҳри Ваҳдат гузаронида шуд, иштироки фаъолона варзида, сазовори ҷойи арзанда гардиданд.
Боиси зикр аст, ки дар санаи мазкур кормандони суди шаҳри Ваҳдат дар чорабинии мазкур аз рӯйи давидан дар масофаи 3000 (се ҳазор) метр дар байни кормадони ташкилоту муассисаҳо сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуд.
Ҳамзамон, суди шаҳри Ваҳдат барои иштироки фаъол дар чорабинии мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо ифтихорномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонида шуд, аз ин кормандони суд илҳоми тоза гирифта тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.