АЗ ТОЛОРИ СУД

АЗ ТОЛОРИ СУД

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А» мавриди баррасӣ қарор дода, муайян намуд, ки ӯ дар назди бинои ошхонаи шаҳраки Шифои шаҳри Ваҳдат тариқи пинҳонӣ аз шаҳрванд «Б» як адад телефони мобилӣ ва 700 сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ки бо ин амалаш ба шаҳрванд «Б» зарари ҷиддӣ мерасонад.

         Баъдан шаҳрванд «А» моҳи октябри соли 2023 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд «В» ба ҳуҷраи бинои давлатии шаҳри Ваҳдат ворид шуда, тариқи пинҳонӣ аз он ҷо 3 адад дастгоҳи барқии обгармкунандаро, ки арзиши умумиашон 3600 сомониро ташкил мекунад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

         Илова бар ин, шаҳрванд «А» охирҳои моҳи ноябри соли 2023 ба манзили истиқоматии шаҳрванд «Г», воқеъ дар шаҳри Ваҳдат ворид шуда, аз он ҷо 1 адад дастгоҳи барқии ҳӯрокгармкунӣ, арзишаш 800 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

         Суд номаи аъмоли шаҳрванд «А»-ро пурра баррасӣ намуда, ӯро бо моддаи 244, қисми 2, бандҳои «а,б,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо таъйин намуд.

         Шаҳрванд «А» се маротиба ба амали ношоями тасарруфи моликияти бегона даст зада, гумон мекард, ки аз ҳисоби ин амалаш умре каттагӣ карда мегардад. Бехабар аз он буд, ки ҳар ҷиноятеро ҷазоест.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат;

Қурбонзода Ш.Ш.