АЗ АВБОШӢ-ҲАЗАР

АЗ АВБОШӢ-ҲАЗАР

        Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушодаи сайёри худ парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А», сокини шаҳри Ваҳдат, соли таваллудаш 1997, муҷаррад соҳиби як фарзанд, муваққатан бекор, мавриди баррасӣ қарор дод.

         Судшаванда «А» шаби 10-уми сентябри соли 2023, тахминан соатҳои 20-21 дар маркази дилхушии шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд «Б» дар муноқиша шуда, онҳо якдигарро бо овози баланд дашном карда, оромии истироҳаткунандагонро халалдор менамоянд.

         «А» дар мурофиаи судӣ ба айби нисбати ӯ бо моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида иқрор шуда, аз кирдори содирнамудааш изҳори пушаймонӣ кард. Ӯ аз суд хоҳиш намуд, ки парвандааш бо риояи талаботи моддаи 310-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шавад. Ҷабрдида «Б» барои бо тартиби соддакардашуда гузаронидани тафтишоти судӣ розигӣ дод.

         Суд «А»-ро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 237, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, бо дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки баробар ба 6800 сомонӣ мебшад, ҷазо таъйин кард.

         Ҳамин тавр, ҳар каси бадгуфтору бадкирдор оқибат сарафкандаву шармсор ва муҳимтар аз ҳама, назди қонун ҷавобгар хоҳад шуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат;

Ҳалимбекзода Иброҳим