ҚАЛЛОБ ДАСТГИР ШУД

         Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А». мавриди баррасӣ қарор дод. Судшаванда «А». зодаи шаҳри Ваҳдат буда, 16-уми феврали соли 1958 санаи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, муваққатан бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд, пеш суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Судшаванда «А»., ба худ хулосаи дахлдор набароварда, ҷинояти марбут ба қаллобӣ яъне тасаруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрвандро муқаррар мекунад дар чунин ҳолат содир намудааст.

         Дар давраи фаъолияташ охирҳои моҳи марти соли 2022 бо  шаҳрванд «В» дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат вохурда, дар бораи таъмир кардани роҳҳои автомобилгарди ҳудуди деҳа маслиҳат намудаанд ва дидаву дониста аз он, ки роҳҳои автомобилгард ба доираи ваколатҳои хизматиаш дохил нест, бо мақсади ғаразнок ва бо роҳи фиреб ба боварии охирин даромада, бардурӯғ ваъда медиҳад, ки бар ивази маблағи 10000 сомонӣ роҳҳои автомобилгардро дар ҳудуди деҳа таъмир менамояд.  Шаҳрванд «В» бехабар аз қасди ҷиноятти ӯ ба ин шарт розӣ мешавад.

         Баъдан судшаванда «А» аз ин вазъияти мусоиди баамаломада ва ба боварии шаҳрванд «В» сӯистифода намуда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона амал карда, аз охирин дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо баҳонаи таъмири роҳҳои автомобилгард охирҳои моҳи марти соли 2022 дар ду ҳолат маблағи 10000 сомониро тавассути дигар шаҳрвандон гирифта тасарруф намуда, бо ин кирдори ғайриқонуниаш ба ҷабрдида шаҳрванд «В» зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

         Инчунин аз тарафи судшаванда «А» дар рафти тафтишоти пешакӣ зарари ба ҷабрдида шаҳрванд «В» расонидааш пурра барқарор карда шудааст.        

         Судшаванда «А» дар маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ эълон кардашуда розӣ буда, дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худашро пурра айбдор шуморида, сидқан пушаймонӣ изҳор намуд.

         Айни замон ӯ хоҳиш дорад, ки нисбати ӯ дар раводиди ин модда ҷазои ғайриҳабсӣ таъин намоянд, ки дигар ба чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ даст намезанад.  

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А»-ро бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои «в,г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста,  нисбати ӯ ҷазои сазовор таъин намуд.

                  

         Раиси суди шаҳри Ваҳдат

         Камолзода С.И.