Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ муайянкунандаи ҳадафҳои олии кишвар
Санаи 28-уми декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ки он дастурамали роҳнамо дар ҷодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ватандустию ватансозӣ ба ҳисоб меравад. Паёми мазкур самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар соли ҷорӣ муайян намуда, баҳри баланд бардоштани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум вазифаҳои мақомоти давлатиро пешбинӣ мекунад.
Боиси хушнудӣ ва ифтихори ҳар як сокини кишварамон мебошад, ки бо ибтикор ва роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 биноҳои се шохаи ҳокимияти давлатӣ-қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо тарҳи нави замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ин дастоварди таърихӣ ба шумор рафта, мероси гаронбаҳо ба ояндаи Ватану миллатамон мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли ҷорӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Сарвари давлат дар Паёми худ зикр карданд, ки «Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд». Воқеан қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон си сол муқаддам тавассути роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ва дар рўзҳои ҳассоси сиёсӣ рўй дод, ки он низоми ҳуқуқии кишварро комил ва мутамарказ намуда, санади олии ҳуқуқии кишвар дониста шуд. Маҳз заҳмату талошҳои шабонарўзии Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо истиқлолияти давлатиро қабул намуда, бо қабули Конститутсияи кишвар соҳибистиқлолии кишвари хешро мустаҳкам намудем, Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.
Паёми Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар равона гардид, ки он барои баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар, дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва эълон намудани мараторий барои санҷиши фаъолияти соҳибкорон, фароҳам овардани ҷойҳои кории холӣ, ба иқтисоди ҷаҳонӣ мувофиқ намудани иқтисодиёти кишвар, пешгирии ифлосшавии табиат ва ғайра равона гардид, ки тавассути он солҳои 2025-2030 дар кишвар солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуд.
Мо ҳадафи чоруми худро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намудем, ки дар замони муосир саноат бе технология имконнопазир мебошад. Бинобар ин эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар кишвар солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия моро водор ба он менамояд, ки иқтисодиёти рақамиро рушд дода, технологияҳои нави замонавиро дар иқтисодиёти кишвар таъмин намоем, савияи дониши шаҳрвандонамонро дар бахши иқтисодиёти рақамӣ боло бардорем, кадрҳои босаводи технологиядонро тайёр намоем ва дар ин замина рушди устувор ва босураъати иқтисодиёти миллиамонро ба роҳ монем.
Таъмини шароити зиндагии арзанда ба ҳар як сокини кишвар ин ҳадафи конститутсионӣ мебошад, ки мо онро дар Конститутсияи давлатамон пешбинӣ намудем. Дар ин замина дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст.
Таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар низ яке аз ҳадафҳои олии давлатамон ба шумор меравад, ки вобаста ба ин дар Паёми мазкур зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми корҳо баҳри ҳарчи зудтар ба истифода додани неругоҳҳои барқии обӣ тадбирҳо андешида шуда, бо маблағгузории кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ сохтмони нерўгоҳи обии барқии Роғун бомаром идома ёфта истодааст. Вобаста ба ин қайд карда шуд, ки «Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад». Яъне мо соли 2027 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.
Ҳамчунин меҳвари асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ин ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлкат, бунёду азнавсозии роҳҳои мамлакат, ҷалби сайёҳон ба кишвар, бунёди инфрасохторҳои сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла баланд бардоштани ҳаҷми музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо, рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, омўзиши забонҳои хориҷӣ ташкил дода, қайд карда шуд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Инчунин ба рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, таъкид карда шуд, ки фарҳанг ҳастии миллат аст. Дар робита ба ин дастовардҳои давлатамон дар соҳаи фарҳанг махсус қайд карда шуда, иброз гардид, ки дар ин муддат як қатор муассисаҳои фарҳангӣ ва театру толорҳои консертии барҳаво сохта ба истифода дода шуд. Сарвари давлат қайд намуданд, ки «Мо дар соҳаи фарҳанг истеъдодҳои зиёде дорем, ки гулчин ва тарбия кардани онҳо вазифаи мову шумост».
Эҳтироми падару модар ва хизмат ба онҳо яке аз арзишҳои волои оиладории тоҷик ба ҳисоб меравад, ки Президенти кишвар ин нуқтаро махсус таъкид намуда, иброз намуданд, ки падару модар, бародару хоҳар неъматҳои такрорнашаванда буда, ба қадри онҳо бояд расем, бо ҳамдигар рафту омад дошта бошем ва ба дидори онҳо бояд равем, зеро онҳо дар ҳаёт ба ҳеҷ ганҷе дарёфт карда намешаванд. Соҳаи маориф соҳаи афзалиятноки давлат дониста шуда, дар баробари он ба соҳаи тандурустӣ низ диққати ҳамаҷониба дода шуда, таъкид гардид, ки баҳри таъмини хизматрасонии аълои тиббӣ дар кишвар як қатор муассисаҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд ва сохтмони даҳҳо дигари он идома дорад. Тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад, ки ин нуқта дар паёми Пешвои миллат махсус зикр гардид.
Дастгирии ҷавонон, дастовардҳои варзишгарон дар бозиҳои байналмилалӣ, дастгирии ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рўзи байналмилалии футбол эълон намудан аз ҷониби СММ, ҷаҳонӣ гаштани гўштини миллӣ, иззату эҳтироми зан-модар, ҳифзи давлат аз ҳар гуна хатарҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ва дигар ҳолатҳо аз ҷумлаи он нуқтаҳои асосие буданд, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид.
Воқеан дар замони муосири ҷаҳони имрўз, ки ҷаҳонишавии фарҳанг ва замин босуръат идома ёфта истодааст моро зарур аст дар ҳифзи ватану миллати худ, фарҳанг, забон ва маданияти таърихии худ устувор бошем. Кишварамонро аз ҳар гуна хатарҳо эмин нигоҳ дошта, тавассути ақл, дониш, малака ва маҳорати касбии хеш дар роҳи гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Дар маҷмўъ метавон гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, он дурнамои рушду пешрафти давлатро муайян менамояд, ки тавассути он метавон гуфт, ки ба пуррагӣ рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро таъмин намуда, ба сўи ҳадафи асосии давлат ноил гардем. Бинобар ин ҳаряки моро зарур меояд, ки ҳар як нуқтаи Паёми мазкурро сармашқи фаъолияти кории хеш қарор дода, онро дар амал татбиқ намоем ва ба ҳамин восита Тоҷикистони азизамонро зебо ва ба як биҳишти рўи замин табдил диҳем.
Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон