ЗАБОН ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ
Танҳо забон аст, ки дар дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Боиси сарфарозист, ки ҳамасола 5-уми октябр дар кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарбаландӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Бахшида ба рӯзи забони давлати дар суди ш. Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси суди ш.Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ҳозиринро бо ин рӯзи таърихиву фархунда табрик намуда, иброз намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз бо заҳмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт.
Маҳз 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.
Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикиро ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон намуда, онро чун дастоварди таърихӣ ҳифз менамояд.
Дар мавриди ҳимоя, пуштибонӣ ва рушду гастариши забони тоҷикӣ нақш ва мавқеи шахсияти таърихӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургу беназир аст. Маҳз бо шарофати ин марди хирадманду дурандеш силсилаи қонуну қарорҳо оид ба забони тоҷикӣ қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки онҳо мақому манзалати забони тоҷикиро хело боло бурдаанд.
Ин буд, ки соли 2008 бо ибтикори Сарвари давлат соли “Бузургдошти забони тоҷикӣ” эълон гардида буд. Имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид бо забони ноби точикӣ баромад намуда, забони тоҷикиро муаарифи ва барои пойдории он замина гузоштанд.
Воқеан аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид садо додани забони шевои тоҷикӣ, дар баробари ифтихору сарбаландии ҳар як фарди тоҷик буданаш, боз аз таъриху тамаддуни фарҳангофари тоҷик шаҳодат медиҳад.
Дар яке аз суханрониҳои худ, Сарвари давлат иброз намуданд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.» Пуштибонӣ аз забон ва поку беолоиш нигоҳ доштани он на танҳо вазифаи миллату давлат, балки вазифаи муқаддаси ҳар як фарди хирадманд ва худогоҳи тоҷик мебошад.
Дар идомаи маҷлис судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар мавзуҳои ҳифзу нигаҳдошти ин неъмати бебаҳо забони тоҷикӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.