ГИРИФТАНИ ПОРА

ГИРИФТАНИ ПОРА

        Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушодаи судӣ дар бинои суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати А.Б. ва В.Г., мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда А.Б., сокини шаҳри Душанбе буда, Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, мувақкатан бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд, доғи судӣ надорад, чораи пешгирӣ дар намуди забонхат аз ҷойи зист набаромадан ва В.Г., сокини шаҳри Норак, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби чор фарзанд, муваққтан бекор, доғи судӣ надорад, чораи пешгирӣ дар намуди забонхат аз ҷойи зист набаромадан татбиқ карда шудааст. Дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

         Судшавандаҳо барои гирифтани пора, яъне аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора дар намуди пул, барои иҷро кардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошандро муқаррар менамояд, дар чунин ҳолатҳо содир намудаанд.

         Судшаванда В.Г., санаи 16 августи соли 2023 зимни иҷрои вазифаи хизматии худ дар шаҳри Ваҳдат нисбати ҷабрдида як қатор камбудиро ошкор намуда, худи ҳамон рӯз, судшаванда В.Г., ҳамчун шахси мансабдор қасдан дар асоси маслиҳати пешакӣ бо судшаванда А.Б., барои тартиб надодани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ҷабрдида дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 219 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда маблағи 5000 сомониро ҳамчун пора талаб намудааст. Санаи 21 августи соли 2023 судшаванда В.Г., дар маркази шаҳри Ваҳдат аз ҷабрдида маблағи 3000 сомониро ба сифати пора гирифта, ин миқдор маблағро ба судшаванда А.Б., дода ва охирин аз ин ҳисоб ба номбурда маблағи 600 сомониро гардонидааст.

         1-уми сентябри соли 2023 судшаванда В.Г., дар асоси маслиҳати пешаки бо судшаванда А.Б., амал намуда, дар шаҳри Ваҳдат аз ҷабрдида маблағи 4000 сомониро ба сифати пора гирифта, аз ин ҳисоб маблағи 2000 сомониашро тибқи маслиҳати пешакӣ ба судшаванда А.Б., додааст.

         Дар рафти тафтишоти пешаки зарари овардаашон пурра ба ҷабрдидаҳо барқарор шудааст.

         Судшавандаҳо А.Б., ва В.Г., бо кирдорҳои қасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 319 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд.

         Онҳо кирдорҳои содирнамудаашон сидқан пушаймон буда, дигар бо чунин кирдорҳои ғайриқонунӣ даст намезананд.      

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди ҷабрдида ва шоҳидон, ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда Аб, ва В.Г.,-ро бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста,  нисбати онҳо ҷазои сазовор таъин намуд.

 

Раиси суд Камолзода С.И..