Табрикоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати 79-умин солгарди Иди Ғалаба 9-уми май.

Табрикоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати 79-умин солгарди Иди Ғалаба 9-уми май.

       Ҳамасола дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09-уми май ҳамчун рӯзи Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад,  ки бо ин мақсад санаи 08-уми майи соли 2024 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни 79-умин солгарди Иди Ғалаба 9-уми май, дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, муовини Раиси суд Асрорӣ Ифтихор Қурбон судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

        Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни 79-умин солгарди 9-уми май Иди Ғалаба табрик намуда, иброз намуд, ки мо тавонистем дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артиши миллии худро аз сирф оғоз намоем, ки имрӯз артиши миллии мо қавӣ гардида, дорои техника ва таҷҳизотҳои муосири замон мебошад.

       Бори дигар ҳамватанони азиз! Ба муносибати фарорасии Рўзи Иди Ғалаба 9-уми май табрику таҳният мегўем.

      Инчунин бо тарбикоти рӯз муовини якуми Раиси суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдорӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо муносибати 79-умин солгарди Иди Ғалаба 9-уми май  табрик намуд.