Табрикоти Раиси суди шахри Вахдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати фарорасии «Иди Наврўз»

       Дар санаи 20 марти соли 2019 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни «Иди Наврўз», дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини Раиси суд Хабибуллозода Хайрулло, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни фарорасии Иди Наврўзи ачам табрик намуда, аз чумла иброз намуд, ки боиси хушнудии хар яки мову шумост, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврўзи хучастапай бо хама шукуху шахомат, назокату латофаташ фархундаи хешро гузошт. Иди Наврўз аз кадимуллаён хамчун иди милли ва бостонии халки мардуми форсу точик махсуб дониста шуда, то имрўз ахамияти таърихии хешро гум накардааст.

Наврўзи ачам ин худ як василаест, ки точикон ва форсзабони тамоми чахон дар огози сол бо нияти зиндаву човид нигох доштани хусусиятхои неки фарханги ва тамаддуни шаркии хеш якпорчагиву Вахдати милли, сулху дўсти ва ободи онро чашн мегиранд.

Бинобар ин бо фаро расидани Наврўзи оламафрўз хама чой шукуфон гаштаву табиат сабзу хуррам мегардад ва зиндаги ранги дигар мегирад. Унсурхои фарханги, арзишхои маънави ва паёмхои инсондўстиву табиатдўстонаи он аз сарчашма ва манбахои кадимаву бостони огоз гашта, дар давоми таърихи башарият мехру мухаббат ва махбубияти худро дар назди кавму миллатхои чахон аз даст надодаанд.  

Бо тарбикоти идона муовини Раиси суд Хабибуллозода Х. баромад намуда, гуфтахои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдори намуда, хамаи кормандонро бо фарорасии «Иди Наврўз» табрик намуд.  

Ба ғайр аз ин гирду атрофи бинои суд тозаву озода нигоҳ дошта шуда, бинои суд бо шиору овезаҳои ҷашни оро дода шуд.