Табрикоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати фарорасии «Иди Наврӯз»

            Дар санаи 18 марти соли 2021 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни «Иди Наврӯз», дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни фарорасии Иди Наврӯзи аҷам табрик намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки боиси хушнудии ҳар яки мову шумост, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврӯзи ҳуҷастапай бо ҳама шукуҳу шаҳомат, назокату латофаташ фархундаи хешро гузошт. Иди Наврӯз аз қадимуллаён ҳамчун иди миллӣ ва бостонии халқи мардуми форсу тоҷик маҳсуб дониста шуда, то имрӯз аҳамияти таърихии хешро гум накардааст.

Наврӯзи аҷам ин худ як василаест, ки тоҷикон ва форсзабони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарқии хеш якпорчагиву Ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд.

Бинобар ин бо фаро расидани Наврӯзи оламафрӯз ҳама ҷой шукуфон гаштаву табиат сабзу хуррам мегардад ва зиндагӣ ранги дигар мегирад. Унсурҳои фарҳангӣ, арзишҳои маънавӣ ва паёмҳои инсондӯстиву табиатдӯстонаи он аз сарчашма ва манбаъҳои қадимаву бостонӣ оғоз гашта, дар давоми таърихи башарият меҳру муҳаббат ва маҳбубияти худро дар назди қавму миллатҳои ҷаҳон аз даст надодаанд.  

Бо тарбикоти идона муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Х. баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдорӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо фарорасии «Иди Наврӯз» табрик намуд.  

Ба ғайр аз ин гирду атрофи бинои суд тозаву озода нигоҳ дошта шуда, бинои суд бо шиору овезаҳои ҷашни оро дода шуд.