ПАЁМ МОРО БА ХЕШТАНШИНОСӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

      Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳимтарини фаъолиятнокиро чи дар сиёсати хориҷӣ ва чи дохилӣ мушаххасан дар бар гирифта, ба рушду густариши минбаъдаи он ҳамчун як барномаи амалӣ таҳким мегузорад. Чуноне, ки сардори давлат қайд намуданд дастоварду пешравиҳои дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба даст омада баҳри беҳбудонии шароити зисти мардумонамон ва мустаҳкамсозии иқтидори давлати соҳибистиқлоламон имконот фароҳам меорад. Новобаста аз таъсири манфии равандҳои сиёсиву пайомадҳои иқтисодии ҷаҳони муосир мо тавонистем, ки давоми даҳсолаи сипаришуда муносибатҳои самарабахшу ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро ба роҳ гузорем.

Аз ҷумла зикр гардид, ки «Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳо муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем».

Пешвои миллат на танҳо чун як сарвари Тоҷикистон, балки чун як сиёсатмадори сулҳҷӯву хирадманд оиди вазъи ноороми чиҳилсолаи давлатӣ ба мо ҳамҷавор Афғонистон ибрози тафаккур карда, дар ҷиҳати дарёфти роҳҳои мусолиҳа ва эътидолёбии минбаъдаи он тарафгирӣ ва пуштибонӣ доштани Тоҷикистонро изҳор намуданд. Муҳтарам Пешвои миллатамон имсол ҳам ба масоили илму омӯзиши он аз қабили фанҳои дақиқ ва риёзӣ, табиатшиносӣ, қироати китобҳои илмиву бадеӣ ва умуман ба фарогирии илмҳои замонавӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, аз ҳамин нуқтаи назар ба хотири боз ҳам бештар ба роҳ гузоштани омӯзиши ин фанҳо ва инкишофи афкори насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд.

Ҳамзамон ба таърихи гузаштаи аҷдодони мо назар карда, онро чун мактаби бузурги худшиносӣ ёдовар шудани Пешвои миллат дар дили ҳар як фарди дилогоҳ ҳисси баланди ватанпарастиро бедор менамояд.

Ба хотири боз ҳам такомул ёфтани истиқлолияти миллӣ, иқтидори Тоҷикистон он кас вакилони парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо, сохтору мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро даъват намуданд, ки дар ободонӣ, бунёдкорӣ баҳри пешрафти Ватани азизамон муттаҳиду сарҷамъ бошем, то ин ки сатҳи зиндагӣ беҳтар гардад, кишварамон чун сарзамини тараққиёфта бо ҷаҳони муосир пайванд гирад.

Дар воқеъ Паёми имсола чун дастурамалест, ки моро сӯи хештаншиносӣ мебарад. Мо набояд фаромӯш созем, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу ваҳдат бо чӣ душвориҳо ба даст омад ва ин ҳама неъмати бузургро эҳтиёт намоем.   

 

Раиси суди шаҳри Ваҳдат:

КАМОЛЗОДА С.И.