МЕДАЛИ ҶАШНИ

МЕДАЛИ  ҶАШНИ

        Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон зимни суханронии хеш дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини қонуният, масъулияти баланд зимни иҷрои вазифавӣ аз ҷониби кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид менамоянд, ки ҳар як кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъулияти хешро поквиҷдонона ва тибқи талаботи қонун иҷро намоянд. Вобаста ба ин суд ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ меҳвари асосии паёми мазкурро ташкил дода,таъкид гардид,ки судяҳо ҳамчун татбиқкунандаи қонунгузории кишвар ва бамалбарорандаи адолати судӣ бояд масъулияти хешро тибқи талаботи қонун иҷро намоянд ва онҳо ҳаққи хато карданро надоранд.

       Дар ин раванд судяҳои суди шаҳри Ваҳдат  дар  партави Паёми Пешвои муаззами миллат санадҳои судии худро дар доираи талаботи қонун қабул намуда, адолати судиро мустақилона ба амал мебароранд. Яке аз мақсадҳои асосии татбиқи адолати судӣ ин пешгирӣ ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани шахсони ҷиноятсодиркарда мебошад, ки аз ҷониби судяҳо инчунин як қатор пешниҳодҳо и Сардорони Муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ оиди шартан аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод намудани маҳкумшудагон баррасӣ карда шуданд, ки ҳадафи асосии қонегардонии ин пешниҳодҳо ислоҳ намудани маҳкумшудаҳо ба шумор меравад.  

       Ба муносибати 20-солагии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони муовини Вазир-сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон бо медали ҷашнии «20-солагии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.