КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       

         Конститутсия ва озодӣ ду боли истиқлоли давлат ҳамчун роҳнамои ҳар як кишвару миллат аст ва маҳз ин санади олӣ тавонист кишвари моро озод ва раванди зиндагонии орому осоиштаро таъмин ва таҳкиму тақвия бахшад.

        Маҳз тавассути роҳбарии хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзиши он дар сатҳи муосир бу вуҷуд оварда шудаанд.

        Андешаи нави давлатдории муосири тоҷикон, эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аввалин маротиба аз ҷониби Сарвари тозаинтихоби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳи ояндаи Тоҷикистон расман садо дод: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст». Ин нуқтаи муҳим дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  таври абад сабт гашт.

        Аз замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоивуфарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Бо саъю талошҳои хастанопазир ва фарогири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъияти ба сари мардуми тоҷик таҳмилгардидаи ҷанги шаҳрвандӣ, музокироти миёни тоҷикон, ки мақсад аз он таъмини сулҳу субот ва оромии Тоҷикистон буд, шуруъ гардид.

        27 июни соли 1997 Сарвари давлат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расонданд. Созишнома дар баробари ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои мубрам, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф аввалин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 26 сентябри соли 1999 ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид шуданд. Аз ҷумла, ба боби 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гаштанд, ки тибқи онҳо дар мамлакат парламенти доимамалкунандаи касбӣ-Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ду маҷлис-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, таъсиси ёфт.

          Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб мекард, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил ёфта, ба талаботи замон мувофиқ гардонда шаванд. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 иброз намуда буданд: «Меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ муосидат намоянд».

 

Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода С.И.