ИСТИҚЛОЛУ ОБОДӢ

       9 – уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати даҳум дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд. Ҳамин тавр, пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи худ расиданду соҳибдавлату соҳибистиқлол гардиданд. Таҳкимбахши асосии ин Истиқлолият Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Мутаассифона, дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ва таъсири нерӯҳои берунаи бадхоҳи миллати тоҷик муддате чанд Истиқлолияти деринтизори мо таҳти фишору хатар монд. Ниҳоят гурӯҳҳои солимфикру ватанпараст ба пирӯзӣ расиданд, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана кард, Истиқлолияти давлатӣ ҳифз гардиду устувор монд. Дар ин раванди сарнавиштсозу бунёдкор нақши калидӣ мутааллиқ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд. Cолҳо мегузаранд, вале номи Пешвои миллати кунунии тоҷикон бо Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии мо то абад пайванд хоҳад монд.

  Истиқлолиятидавлатӣ барои халқу миллат бозёфти нодирест, ки қарнҳо метавонад дастоварди арзишмандро эҳдо намояд. 6 –уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул карда шуд, ки он кишвари моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ намуд. Асъори миллӣ, густариши робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, роҳандозии ислоҳот дар соҳаҳои муҳимтарини ҳаёти халқ, таъсиси чандин мактабҳои олӣ ва муассисаҳои азим ва амсоли инҳо низ дар заминаи Истиқлолият ба мамлакати мо муяссар гардиданд. Истиқлолият чеҳраи фарҳангии миллатро равшантар намуда, ҷилои тоза бахшид. Ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар натиҷаи кӯшишҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон обрӯи Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон марҳала ба марҳала меафзояд.  Ҳарчанд эъмо­ри давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеи аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёбӣ боис гашт.

Дар Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олӣ, ки дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуда буд, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт инсони боақлу заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот диҳад ва ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Вале он фарзанди фарзонаи миллат, он марди майдон, ин шахси бузург Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид гашт ва дар Иҷлосияи мазкур ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аввалин сухани ӯ “Ман ба Шумо сулҳ меоварам, ҳамаро сарҷамъ месозам” буд. Ӯ коре кард, ки ҷанги таҳмилӣ хотима ёфт, гурезаҳо бар Ватани аҷдодӣ баргаштанд, сулҳу Ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор гардид. Ҳаёти осо­ишта ҳукмрон шуд ва сипас барои ҳамаи сокинони мамлакат, созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ Ваҳдати миллӣ амалӣ гашт. Дар вақти қасамёдкунӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ва­килони мардумӣ, аъзои парлумон, намо­яндагони халқ ба мардум ваъда доданд, ки “ман корро аз барқарории сулҳу осоиштагӣ ва оромӣ оғоз мекунам” ва ӯ ба ваъдаи худ вафо кард. Дар ҳақиқат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро бо барқарории сулҳ дар сарзамини қадимаи мардуми тоҷик оғоз кард. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон воқеан ба ҷаҳониён исбот намуд, ки масъалаҳои мушкилтаринро низ бо роҳи сулҳу субот метавон ҳал кард.

Ба шарофати сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд. Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон аввалин бор таҳкурсии сиёсати байналхалқии дав­лати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро гузошт.

Ба ҷасорат ва диди фаррохи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳаққонӣ додан камоли хирад ва инсонӣ аст. Зеро дар ҳамон замони пурмоҷаро иҷрои ин вазифа хело гарон буд. Қаҳрамони Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш барои устувор намудани пояҳои давлат ва таъмини сулҳ ҷоннисорӣ кард.

Мо метавонем танҳо бо нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳифз намоем ва дар пайи ободии Ватан бошем. Музаффариятҳои Истиқлолият ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар андак вақт сохтори давла­тро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намоянд. Тоҷикистонро шинохтани 177 киш­вари ҷаҳон далели равшани сиёсати дурӯсти пешгирифтаи Роҳбари давлати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, устувору побарҷою мустақил шудани суду волоияти қонун дар кишвар, сохтмонҳои азими киш­вар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз он ифтихор мекунанд, ки соҳиби Ватани озоду обод ва давлати мустақил ҳастем.

Дар даврони 29 – солагии Истиқлоли­ят мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем. Ба шарофа­ти сиёсати дурӯсту оқилонаи пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон дар кишва­ри азизи соҳибистиқлоламон расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, ҳазорҳо фарсах роҳҳо, садҳо пулҳои боҳашамат сохта ба ис­тифода дода шуда истодаанд, ки аз пешра­вии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳӣ медиҳанд.

Бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кӯмаку дастгирии Пешвои миллат, дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва дар тамоми деҳаҳо, ҷамоатҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, водиҳо ва вилоятҳои Суғд, Бадахшон, Хатлон ва ноҳияҳои то­беи марказ ҳазорҳо сохтмонҳои бонуфузе аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳои миё­на, корхонаҳои хурд, ҳавзҳои шиноварӣ, толорҳои варзишӣ, пайкараву нимпайкараҳо ва Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз ва ғайраҳо сохта ба истифода дода шуд. Дар тӯли 29 соли Истиқлолият соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ҳам руш­ду нумӯъ карда, зиндагии мардуми мамлакат беҳбудӣ ёфт.

Боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат  ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду ну­мӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Барои обо­дии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фар­зонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, ҷиҳати боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон, ба хусус сиёсати судии мамлакат кору пайкор хоҳем кард.

 

Муминзода Исмоил Маҳмадулло

судяи Суди шаҳри Ваҳдат