ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолияти давлатиро ҳифз бояд намуд

30-сол муқаддам миллати сарбаланду таърихофари тоҷик тавонист дар як лаҳзаи душвори таърихӣ истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, дар арсаи байналмилали ҳамчун субъекти мустақили комилҳуқуқ шинохта гардад, аммо воқеаҳои даврони гузашта-ба вуҷуд омадани ҷанги дохилии сиёси, талош барои ҳокимият, нақшаву ниятҳои нопоки душманонаи ватанфурўшон, хиёнати иддае аз шахсоне, ки худро ватандуст меҳисобиданд боиси харобшавии давлат гардида, хатари аз байн рафтани давлати миллиамонро оварда буд. Омили асосии нигоҳдорандаи истиқлолияти давлати дар ин лаҳзаҳо ин ба вуҷуд овардани сулҳ ва дар вазъияти мўътадил нигоҳ доштани кишвар ба шумор мерафт, ки баракси ҳол ивазшавии пай дар пайи роҳбарони давлат, авҷи аълои маҳалгарои, фаъолияти ҷосусонаи душмонони дохиливу хориҷи,  набдуни иқтидори мудофиави боиси боз ҳам авҷ гирифтани ҷанги шаҳрванди гардида, бесарусомониву беқонуниро афзоиш дод. Халқи тоҷик бо дарки масъулияти баланди таърихи бо мақсади нигоҳ доштани ин сарнавишти ягонаи миллат тавонист бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ояндасозу дурандеши худро интихоб намояд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони ҳузурдошта дар Иҷлосияи мазкур Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат интихоб гардида, масъулиятро барои имрўзу ояндаи дурахшони давлат ба зиммаи худ гирифт. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланд ба Ватану миллат савганд ёд намуда, ваъда дод, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Таъмини ваҳдату милли ва ягонаги дар кишвар маҳз унсури ягонаи нигоҳдорандаи истиқлолияти давлати ба Шумор мерафт, зеро вазъияти мураккаби сиёсии кишвар хатари қисм ба қисм ҷудо гардидани давлатро оварда буд. Хушбахтона давлати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии пайваставу дастгирии халқи кишвар аз ҳукумати қонуни ва хизматҳои фидокоронаи фарзандони бонангу номуси хеш тавонист ба сулҳи деринтизори хеш ноил гардида, ваҳдату ягонагиро дар кишвар таъмин намояд, ки дар ин бора Президенти кишвар дар суханронии хеш қайд намудаанд «Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар ин айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани  миллати тоҷик ба як воқеияти  талхи рўз табдил ёфта буд».

Таърихи мамолики гуногуни ҷаҳон гувоҳи аз он медиҳад, ки раванди бунёди давлату давлатдори мушкил ва пурпечутоб буда, на ҳама миллат шарафманди ба даст овардани истиқлолияти давлатии хеш мегардад, зеро дар раванди ҷаҳони имрўза бисёре аз халқияту миллатҳо наметавонанд бо вуҷуди зиёд будани хеш давлати миллии хешро таъсис диҳанд, чунки таъсиси давлати милли мушкил ва ҳасос буда, танҳо ҳамон халқу миллатҳое шарафёб мешаванд, ки таҷрибаи давлатдориро дошта, халқу миллатҳояш ба ҳам муттаҳид мебошанд. Аз ин рў мардуми тоҷик низ бо вуҷуди мавҷудияти иддае аз хоинони дохиливу хориҷи ва ватанфурўшон тавонист давлати миллии хешро таъсис намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои гуногун шинохта гардад. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол равобити дипломатии хешро бо зиёда аз 100 давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол шинохта гардидаасту, дорои Конститутсияи миллии худ, рамзҳои давлатдори аз қабили парчам, нишон ва суруди миллии хеш буда,  пулии миллии худро низ доро мебошад.

Истиқлолият ҳамчун неъмати гаронбаҳои давлат ба шумор меравад, ки тавассути он мо тавонистем давлати миллии хешро бунёд намоем. Қабул шудани истиқлолияти милли ин орзуву ормонҳои чандинасраи ниёгони мо ба шумор  мерафт, ки баъди пош хўрдани давлати таърихии Сомониён миллати тоҷик тавонист баъди асрҳои аср боз соҳиби давлатии миллии хеш гардад. Инчунин қабул шудани истиқлолияти давлати имкон дод, ки дар давлат Конститусияи милли қабул гардида, низоми ҳуқуқии ягона таъмин гардид. Минбаъд тибқи Конститутсияи қабулгардида Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва ягонаву иҷтимои эълон гардида, иродаи изҳори озодонаи халқ тавассути қабули он амали гардид. Қабул шудани истиқлолияти давлати дар давлат имконият фароҳам овард, ки низоми сезинагии шохаҳои мустақили ҳокимияти давлати  таъсис гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд арзиши оли ҳисобида шуд.

Инчунин давлат бо мақсади рушди низоми давлатдори дар назди худ ҳадафҳои стратегии худро эълон намуд, ки ин ҳам расидан ба истиқлолияти энергетики, таъмини амнияти озуқавори, баромадан аз бунбасти коммуникатсиони ва саноатикунонии кишвар ба шумор меравад, ки мо дар як лаҳзаи кўтоҳи таърихи тавонистем ба ҳадафи стратегии хеш, яъне таъмини истиқлолияти энергетики ноил гардида, шўълаи умеду рўшаниро дар ҳар як хонадони тоҷик таъмин намоем. Инчунин баъди қабул гардидани истиқлолияти давлат мо тавонистем ҳокимияти судии мустақили худро таъсис дода, дар низоми судии кишвар суди конститутсиониро роҳандози намоем, ки ин ҳама ҷавобгўи талаботи меъёрҳои байналмилали ба шумор меравад. Минбаъд судяҳо ҳамчун амаликунандаи ягонаи ҳокимияти суди ва субъекти асосии ба амалбарорандаи адолати суди дар кишвар мустақилона фаъолият намуда, вазифаи худро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини суботу ягонаги дар кишвар, манфиати давлату миллат ва қонунияту адолат равона намуданд.

Таъсиси низоми дупалатагии парламент низ маҳз бо шарофати қабул гардидани истиқлолияти давлати ва расидан ба сулҳу ягонаги дар кишвар даст дод, ки минбаъд Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата, Маҷлиси милли ва маҷлиси намояндагон иборат буда, фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳамчун касби ва доимамалкунанда муқаррар гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили асосии истиқлолияти давлати дар Конститутсияи кишвар муайян гардида, фаъолияти он мўхлатнок ва интихоби муқаррар карда шуд.

Қабул шудани истиқлолияти давлати инчунин ба рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мусоидат намуд, ки дар кишвар садҳо корхонаҳои иқтисодиву истеҳсоли таъсис дода шуда, зиёда аз ҳазорҳо ҷойҳои кории холӣ таъсис дода шуданд. Инчунин хоҷагии қишлоқ низ ба маротиб рушд намуда, барномаҳои давлатӣ барои беҳбуд намудани шароити зиндагонии кишвар аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул карда шуданд. Соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ ба маротиб рушд намуда, дар мамлакат садҳо беморхонаҳои давлативу хусусӣ бо шароити баланд ва ҷавобгў ба замони муосир таъсис гардида, зиёда аз 1000-мактабҳо таъсис гардида, раванди таълиму тарбия дар кишвар беҳтар гардонида шуданд, ки ин ҳама дастоварди гаронбаҳои қабул шудани истиқлолияти кишварамон ба шумор меравад.

Инчунин истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки гуногуншаклии моликият, ки омили асосии рушди иқтисодиёт ба шумор меравад кафолат дода шуда, фаъолияти соҳибкории хусусӣ иҷозат дода шуд, ки дар ин раванд аз ҷониби соҳибкорони кишвар садҳо адад корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис ва ба кор андохта шуданд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабул гардидани истиқлолияти давлатӣ симои миллии хешро ба маротиб дигаргун намуд, ки ин омил боиси таваҷҷўҳи сайёҳони байналмилалӣ дар кишвар гардида, ҳазорҳо сайёҳон вориди қаламрави кишвар гардида, аз минтақаҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии кишварамон дидан намуданд. Соҳаи варзиши мамлкат низ бо маротиб рушд намуда, дар мамлкат чеҳраҳои маъруфи варзишгорон ба вуҷуд омаданд. Яъне дар маҷмўъ соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар рушд ёфта, ба ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам оварда шуд, ки дар фазои озоди сиёсиву иҷтимоӣ зиндагони намуда, ирода ва изҳори хешро озодона баён намояд.

Мо бояд истиқлолияти миллии хешро ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ҳифз намуда, кўшиши ягонаи худро барои ягонагиву якпорчагии кишварамон равона намоем, зеро танҳо мо шаҳрвандони асили ин давлату миллат вазифадорем, ки ҳастии хешро барои ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, рушди мамлакатамон равона намуда, қарзи виҷдонӣ ва модарии хешро адо намоем. Дар иртибот ба ин Пешвои муаззами миллатамон дар суханронии хеш қайд намудаанд, ки «Таърихи башар исбот намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо рассад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад».

Раиси суди шаҳри Ваҳдат:                            Камолзода С.И.