Истиқлолият кафили оромӣ ва осудагии ҷомеа

Ҳар як давлат албатта аз рӯзи пайдоишаш таъриху тамадуни миллати худро дорад. Албатта бисёр миллатҳое дар руи замин арзи вуҷуд доранд, ки  давлат надоранд. 29-сол муқаддам миллати Тоҷик тавонист дар як лаҳзаи душвори таърихӣ истиқлолияти давлатии худро ба даст оварда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили комилҳуқуқ шинохта гардад, аммо воқеаҳои даврони гузашта ба вуҷуд омадани ҷанги дохилии сиёсӣ, талош барои ҳокимият, нақшаву ниятҳои нопоки душманонаи ватанфурўшон, хиёнати иддае аз шахсоне, ки худро ватандуст меҳисобиданд боиси харобшавии давлат гардида, хатари аз байн рафтани давлати миллиамонро оварда буд. Омили асосии нигоҳдорандаи истиқлолияти давлатӣ дар ин лаҳзаҳо ин ба вуҷуд овардани сулҳ ва дар вазъияти мўътадил нигоҳ доштани кишвар ба шумор мерафт, ки баракси ҳол ивазшавии пай дар пайи роҳбарони давлат, авҷи аълои маҳалгароӣ, фаъолияти ҷосусонаи душмонони дохиливу хориҷӣ,  набудани иқтидори мудофиавӣ боиси боз ҳам авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ гардида, бесарусомониву беқонуниро афзоиш дод. Халқи тоҷик бо дарки масъулияти баланди таърихӣ бо мақсади нигоҳ доштани ин сарнавишти ягонаи миллат тавонист бо баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари ояндасозу дурандеши худро интихоб намояд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз байни вакилони ҳузурдошта дар Иҷлосияи мазкур Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат интихоб гардида, масъулиятро барои имрўзу ояндаи дурахшони давлат ба зиммаи худ гирифт. Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти баланд ба Ватану миллат савганд ёд намуда, ваъда дод, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Таъмини ваҳдату миллӣ ва ягонагӣ дар кишвар маҳз унсури ягонаи нигоҳдорандаи истиқлолияти давлатӣ ба Шумор мерафт, зеро вазъияти мураккаби сиёсии кишвар хатари қисм ба қисм ҷудо гардидани давлатро оварда буд. Хушбахтона давлати Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварии пайваставу дастгирии халқи кишвар аз ҳукумати қонунӣ ва хизматҳои фидокоронаи фарзандони бонангу номуси хеш тавонист ба сулҳи деринтизори хеш ноил гардида, ваҳдату ягонагиро дар кишвар таъмин намояд, ки дар ин бора Президенти кишвар дар суханронии хеш қайд намудаанд «Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд. Дар ин айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани  миллати тоҷик ба як воқеияти  талхи рўз табдил ёфта буд».

Таърихи мамолики гуногуни ҷаҳон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки раванди бунёди давлату давлатдорӣ мушкил ва пурпечутоб буда, на ҳама миллат шарафманди ба даст овардани истиқлолияти давлатии хеш мегардад, зеро дар раванди ҷаҳони имрўза бисёре аз халқияту миллатҳо наметавонанд бо вуҷуди зиёд будани хеш давлати миллии хешро таъсис диҳанд, чунки таъсиси давлати миллӣ мушкил ва ҳасос буда, танҳо ҳамон халқу миллатҳое шарафёб мешаванд, ки таҷрибаи давлатдориро дошта, халқу миллатҳояш ба ҳам муттаҳид мебошанд. Аз ин рў мардуми тоҷик низ бо вуҷуди мавҷудияти иддае аз хоинони дохиливу хориҷӣ ва ватанфурўшон тавонист давлати миллии хешро таъсис намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои гуногун шинохта гардад. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол равобити дипломатии хешро бо зиёда аз 100 давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол шинохта гардидаасту, дорои Конститутсияи миллии худ, рамзҳои давлатдорӣ аз қабили парчам, нишон ва суруди миллии хеш буда,  пулии миллии худро низ доро мебошад.

Истиқлолият ҳамчун неъмати гаронбаҳои давлат ба шумор меравад, ки тавассути он мо тавонистем давлати миллии хешро бунёд намоем. Қабул шудани истиқлолияти миллӣ ин орзуву ормонҳои чандинасраи ниёгони мо ба шумор  мерафт, ки баъди пош хўрдани давлати таърихии Сомониён миллати тоҷик тавонист баъди асрҳои аср боз соҳиби давлатии миллии хеш гардад. Инчунин қабул шудани истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки дар давлат Конститусияи миллӣ қабул гардида, низоми ҳуқуқии ягона таъмин гардид. Минбаъда тибқи Конститутсияи қабулгардида Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ эълон гардида, иродаи изҳори озодонаи халқ тавассути қабули он амалӣ гардид. Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ дар давлат имконият фароҳам овард, ки низоми сезинагии шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ  таъсис гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ ҳисобида шуд.

Инчунин давлат бо мақсади рушди низоми давлатдорӣ дар назди худ ҳадафҳои стратегии худро эълон намуд, ки ин ҳам расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсиони ва саноатикунонии кишвар ба шумор меравад, ки мо дар як лаҳзаи кўтоҳи таърихӣ тавонистем ба ҳадафи стратегии хеш, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил гардида, шўълаи умеду рўшаниро дар ҳар як хонадони тоҷик таъмин намоем. Инчунин баъди қабул гардидани истиқлолияти давлат мо тавонистем ҳокимияти судии мустақили худро таъсис дода, дар низоми судии кишвар суди конститутсиониро роҳандозӣ намоем, ки ин ҳама ҷавобгўи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Минбаъд судяҳо ҳамчун амаликунандаи ягонаи ҳокимияти судӣ ва субъекти асосии бамалбарорнадаи адолати судӣ дар кишвар мустақилона фаъолият намуда, вазифаи худро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини суботу ягонагӣ дар кишвар, манфиати давлату миллат ва қонунияту адолат равона намуданд.

Таъсиси низоми дупалатагии парламент низ маҳз бо шарофати қабул гардидани истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ягонагӣ дар кишвар даст дод, ки минбаъд Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду палата, Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон иборат буда, фаъолияти Маҷлиси намояндагон ҳамчун касбӣ ва доимамалкунанда муқаррар гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили асосии истиқлолияти давлатӣ дар Конститутсияи кишвар муайян гардида, фаъолияти он мўҳлатнок ва интихобӣ муқаррар карда шуд.

Қабул шудани истиқлолияти давлатӣ инчунин ба рушди соҳаи иқтисодиёти кишвар мусоидат намуд, ки дар кишвар садҳо корхонаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ таъсис дода шуда, зиёда аз ҳазорҳо ҷойҳои кории холӣ таъсис дода шуданд. Инчунин хоҷагии қишлоқ низ ба маротиб рушд намуда, барномаҳои давлатӣ барои беҳбуд намудани шароити зиндагонии кишвар аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул карда шуданд. Соҳаҳои иҷтимоии кишвар низ ба маротиб рушд намуда, дар мамлакат садҳо беморхонаҳои давлативу хусусӣ бо шароити баланд ва ҷавобгў ба замони муосир таъсис гардида, зиёда аз 1000-мактабҳо таъсис гардида, раванди таълиму тарбия дар кишвар беҳтар гардонида шуданд, ки ин ҳама дастоварди гаронбаҳои қабул шудани истиқлолияти кишварамон ба шумор меравад.

Инчунин истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат шароит фароҳам овард, ки гуногуншаклии моликият, ки омили асосии рушди иқтисодиёт ба шумор меравад кафолат дода шуда, фаъолияти соҳибкории хусусӣ иҷозат дода шуд, ки дар ин раванд аз ҷониби соҳибкорони кишвар садҳо адад корхонаҳои истеҳсолӣ таъсис ва ба кор андохта шуданд.

Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабул гардидани истиқлолияти давлатӣ симои миллии хешро ба маротиб дигаргун намуд, ки ин омил боиси таваҷҷўҳи сайёҳони байналмилалӣ дар кишвар гардида, ҳазорҳо сайёҳон вориди қаламрави кишвар гардида, аз минтақаҳои сайёҳӣ ва ҷойҳои таърихии кишварамон дидан намуданд. Соҳаи варзиши мамлакат низ бо маротиб рушд намуда, дар мамлкат чеҳраҳои маъруфи варзишгорон ба вуҷуд омаданд. Яъне дар маҷмўъ соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар рушд ёфта, ба ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам оварда шуд, ки дар фазои озоди сиёсиву иҷтимоӣ зиндагони намуда, ирода ва изҳори хешро озодона баён намояд.

Мо бояд истиқлолияти миллии хешро ҳамчун муқаддасоти асосии давлатдорӣ ҳифз намуда, кўшиши ягонаи худро барои ягонагиву якпорчагии кишварамон равона намоем, зеро танҳо мо шаҳрвандони асили ин давлату миллат вазифадорем, ки ҳастии хешро барои ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ, рушди мамлакатамон равона намуда, қарзи виҷдонӣ ва модарии хешро адо намоем. Дар иртибот ба ин Пешвои муаззами миллатамон дар суханронии хеш қайд намудаанд, ки «Таърихи башар исбот намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад».

 

Муаллиф: Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон

Ҳаммуаллиф: Корманди дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат Анварзода Алишер Анвар