ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ-Тарбуру сарбур ҳар ду ҷинояткоранд

Тарбуру сарбур ҳар ду ҷинояткоранд.

         Олами набототи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳаёту фаъолияти мардуми Тоҷикистон истифода бурда шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.

Мутаасифона ҳастанд нафароне, ки инро ба инобат нагирифта, бераҳмона буттаю дарахтони сабзро бурида ба фазои экологии кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Вобаста ба ин, чанде қабл суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиеро баррасӣ кард, ки бар асоси он Сафархӯҷа Акобиров, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ромит, деҳаи Холи шаҳр, барои ғайриқонунӣ буридани дарахтони тару тоза маҳкум шуданд.

Тафтишот муайян кард, ки номбурда 27 августи соли 2020 аз ҳудуди заминҳои ғайрикишоварзии хоҷагии деҳқонии ба номи Олия Расулова 10 бех дарахти сояафкани тару тозаи «Тирак» (қутрашон 20-сантиметра)-ро бурида, ба хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 декабри соли 2019, таҳти № 790 амал намудааст. Мувофиқи хулосаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ваҳдат, зарари расонидаи Сафархӯҷа Акобиров маблағи 3480 сомониро ташкил медиҳад.

Суд маводи парвандаро омӯхта, кирдори судшавандаро бо моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо…) банду баст намуд.

Бо ҳукми суд, Сафархӯҷа Акобиров мувофиқи ҳамин модда ба ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати 120 соат бо тартиби на зиёда аз 3 соат дар як рӯз берун аз вақти корҳои асосӣ, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Инчунин, аризаи даъвогии прокурори шаҳри Ваҳдат оид ба манфиати давлат шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр рӯёндани маблағи зарари расондашударо дар ҳаҷми 3480 сомонӣ қонеъ гардид.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

Ҳалимбекзода И.