ХУРШЕДИ НУРПОЛОИ СУЛҲ

       Ватани азиз мо, Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол аз нав ид дорад. Иди ваҳдати миллӣ ва сулҳу дӯстӣ. Вақте мо дар хусуси ин дастоварди бузурги миллатҳарф мезанем, беихтиёр суханони пурмуҳтаво ва оқилонаю беғаразонаи Президенти Федератсияи Росссия Владимир Владимирович Путин дар лавҳи хотир ҷилвагар мешаванд. Ин шахсияти шинохта ва сиёсатмадори барҷаста роҷеъ ба ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон ҳарф зада, чунин менависад: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс бо нуқтаҳое, ки вазъияташон муташаниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чи дар Тоҷикистон баамал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст.

         Бале, ҳақ ба ҷониби ин сиёсатмадори бузурги замонамон мебошад. Зеро ваҳдат дастоварди хеле калони миллати тоҷик буда, аз хирадиазалии ин миллати куҳанбунёд ва ҷасорату мардонагии Президенти муҳтарами он Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегардад.

         Роҳи сулҳу оштии тоҷикон аз Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олиамон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд барргузор гардид, шуруъ мешавад. Дар ин иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилони мардумӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардида, нахустин суханоне, ки ба забон овард, «Ман ба шумо сулҳ меорам!» буд. Ва ин ҷавонмарди ватандӯсту миллатпарвар ба қавли хеш содиқ монда, воқеан ҳам, сулҳро  дар сарзамини тоҷикон барқарор сохт.

         Дар он замони пуршӯру ноором расидан ба сулҳу оштии миллӣ кори саҳлу осон набуд. Музокирот бо мухолифин барои сулҳ бо иқдоми давлати Тоҷикистон 5 апрели соли 1994 оғоз ёфта, то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои мухталиф, минҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон сурат гирифтанд. Он айём тамоми мушкилот ба дӯши Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон буд. Иродаи устувори сулҳхоҳонаи халқи тоҷик, хиради волою дурандешии Сарвари ҷавони давлат, хоҳиши хеле зиёди ӯ барои ба сулҳу оштӣ расидан ва ободсозии Ватану сарҷамъ гардонидани мардуми парешону беёвар имкон фароҳам оварданд, ки ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гардид. Ба ин хотир 9 даври музокирот, 6 мулоқоти сарварони ду ҷониб ва 21 гуфтушуниди ҳайатҳо сурат гирифтанд. Дар натиҷа 40 санади муҳим ба имзо расиданд, ки тақдири ояндаи давлати тоҷикон ва сулҳу салоҳро дар кишварамон таъмин намуданд.

         Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба вуқуъ пайваст, дар ҳаёти халқу миллати тоҷик гардиши куллиро ба вуҷуд оварда, бо моҳияти худ барои давлату ҷомеаи тоҷикон аз истиқлолияти миллӣ мақому мартабаи камтар надорад. Аҳамияти бузурги ваҳдати миллиро дар бақову рушди давлатдории тоҷикон Сарвари кишвар борҳо таъкид кардаву ҳифзу таҳкими ин дастоварди муҳими миллатро қарзи ҳар як инсони бофазлу хирад ва меҳанпараст донистаанд. Ин, албатта, бесабаб нест. Рӯзи ваҳдати миллбарои мо, тоҷикон,танҳо ид ва ё ҷашни тақвимӣ нест. Он саҳифаи муҳими таърихи миллатамон аст, ки бар ивази талошҳои фидокорона, қурбониҳои зиёди ҷониву молӣ ва маънавӣ имконпазир гардидааст. Маҳз сулҳу оштӣ роҳи моро ба сӯйи ояндаи дурахшон боз намуд. Шароит фароҳам овард, ки дар Ватан корҳои созандагӣ ва ободгарӣ равнақ пайдо кунанд. Дар ин бобат таъмини оромии сиёсӣ, таҳкими ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ-қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ба Ватан баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ аз Давлати исломии Афғонистон, Федератсияи Россия, Қазоқистону Туркманистон ва ҳамаи мамлакатҳои дуру наздик, дигар тадбиру чораҳои андешидаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус, Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим бозиданд.

         Инак, имрӯз Тоҷикистони азизи мо ваҳдатобод аст. Ба шарофати дӯстию бародарӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдати комили миллат Ватанамон рӯз то рӯз ободу маъмуртар мегардад. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадану доимӣ бо ҳам пайвастани ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистони азиз, таъмини амнияти озуқавориву дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо бунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ, аз ҷумла ду чархи НБО-и «Роғун» таъмин гардонидани истиқлолияти энергетикии кишвар аз самараҳои ин ваҳдатанд. Ба иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати Тоҷикистон камари ҳиммат баста, дар ин ҷода ҳам аллакай корҳои арзишмандеро амалӣ гардондаем.

         Омодагиҳо ба ҷашни фархундаи миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанниз бо муваффақият идодма доранд, ки ҳамаи инҳо аз баракати ваҳдат ва сулҳу осоиштагӣ мебошанд.

         Ваҳдати миллии мо рамзи тантанаи адолату ҳақиқат, таҷассуми орзую омоли сулҳпарваронаву бунёдкоронаи мардуми тоҷик ва натиҷаи саъю кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Бигузор, он дар кишварамон ҳамеша пойдор ва офтоби сулҳ ҷовидона нурафшон бошад.

 

         Судяи суди шаҳри Ваҳдат

         Фарҳод Абдуллозода