ХОНАШЕРИ МАЙДОНҒАРИБ

 ХОНАШЕРИ МАЙДОНҒАРИБ

         Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А» баррасӣ карда, муайян намуд, ки ӯ се маротиба дар манзили истиқоматиаш бо ҳамсари худ шаҳрванд «Б» ҷангу ҷидол намуда, пас аз дашному суханҳои қабеҳ ӯро зери лату кӯб қарор додааст.

        Судшаванда амали ношоистаи зикршударо маротибаи аввал санаи 14-уми марти соли 2021 содир намуда, маротибаи дуюм он амалро санаи 29-уми апрели соли 2021 тахминан соати 17:30 дақиқа такрор карда, бо дасту пояш ба қисмати сару рӯи ҳамсараш зарбаҳои ҷисмонӣ расонидааст.

        Ин марди аз ойини ҷавонмардӣ фарсахҳо дур маротибаи сеюм, яъне 11-уми августи соли 2021, тахминан соати 11:00 дақиқа боз ба ҳамсараш дарафтода, бо дасту пояш ӯро мавриди лату куб қарор дода, боз ба ӯ осеби ҷисмонӣ расонидааст.

        Мувофиқи хулосаҳои ташхиси таббӣ-судӣ ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи бадани шаҳрванд «Б» дар шакли хуномусҳо ва осеби пӯшидаи косахонаю майнаи сар ва ларзиши майнаи сар мансуб ба зарари сабук ба саломатӣ ҳамбастагӣ доштааст.

        Суд ҳангоми таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда, шахсияти судшаванда ва ҳолатҳои корро ба назари эътибор гирифта, бо ҳукми худ шаҳрванд «А»-ро бо моддаи 117, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро тайин намуд.

        Баррасии парвандаи зикршуда собит менамояд, ки ҳанӯз ҳам дар ҷомеа шахсоне чун шаҳрванд «А» арзи ҳастӣ доранд, ки ба қадри ҳамсару оилаи ободи худ нарасида, ба кирдорҳои ҷиноятӣ даст зада, худро гирифтори доғи бадномӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ менамоянд.

        Ин гуна тоифаҳо, ки гирифтори ҷаҳолату нодонианд, заррае дарк намекунанд, ки расонидани озори равонию ҷисмониро қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишварамон ҷиноят ҳукм намудаанд. Муҳимтар аз ҳама, бо ҳамсар, ки модари фарзандҳост, муносибати бадахлоқона намудан дар тарбияи маънавии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

        Ба ибораи мардумӣ шаҳрванд «А» барин шахсон «хонашерони майдонғариб»-е ҳастанд, ки қувваю зӯрии дасту бозуи худро на дар иҷрои корҳои муфид, баҳри ба даст овардани сармояи зиндагӣ ва хушбахтии оилавӣ, балки онро чун далели муштзӯриву таҳамтанӣ дар лату кӯби ҳамсари ҳаётии худ сарф менамоянд.

        Содиркунандаи ин гуна кирдор ва амали ноҷавонмардона, ки ҷинояткор маҳсуб меёбад, аз дасти пурзӯри қонун ҷазои сазовор хоҳад гирифту тақдири ӯ бояд мояи ибрати дигарон бошад.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

Шоҳин Қурбонзода