ХАЙРИЯ

Дар санаи 18-уми марти соли 2021 бо ташабуси Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби пасандозҳои раиси суд ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат Эмомова Майлон соли 1940 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ, кӯчаи Носири Хисрав хонаи №33 ва Буриев Аслон 30 ноябри 1952 соли таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат кӯчаи Бохтар хонаи 33, ҳуҷраи 58 дар маҷмуъ ба ду оила маводҳои хурока аз қабили орд, равған, қанд, макарон, собун, биринҷ, тухм, картошка ва пиёз ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ расонида шуд.