ХАЙРИЯ

Дар санаи 28-уми июли соли 2020 Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби маоши худ ба ифтитоҳи Иди қурбон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат Назарова Райҳона 20 июли соли 2006 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Фирдавсӣ хонаи №94 ва Ибрагимзода Муҳаммад 23 марти соли 2012 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Эшмуродов хонаи №63 дар маҷмуъ ба ду оила маводҳои хурока аз қабили орд, равған, чой, қанд, макарон, собун, биринҷ, тухм ва шакар ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ расонида шуд.

Раиси суди

шаҳри Ваҳдат:                                       Камолзода С.И.