ХАЙРИЯ

Суди шаҳри Ваҳдат дар санаи 17 марти соли 2020 дар асоси мактуби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои банди 4 протоколи  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №12 аз ҳисоби маоши  Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат ба оилаи камбизоат сокини шаҳри Ваҳдат, кучаи Гулистон хонаи рақами 29, Искандаров Юсуфҷон 15 ноябри соли 2013 таваллудаш, маводҳои хурока аз қабили орд, равған, чой, шакар, макарон, собун ва биринҷ ҳамчун кумаки хайриявии якдаъфаина ба маблағи 450 (чорсаду панҷоҳ) сомонӣ расонида шуд.