Эҳтироми Парчам вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандӣ аст

            Ба рӯйхати иду ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, боиси ифтихор ва роҳи ҳамворе дар шинохти арзишҳои миллист. Аз ҳамин дидгоҳ метавон иқдоми Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълон намудани Рӯзи Парҷами давлатӣ ба унвони эҳтимоме дар шинохти рамзҳои давлатӣ истиқбол кард. Зеро ҳадаф аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» эҳтиром ва қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи асосии давлат аст. Мусаллам аст, ки парчам дар низоми давлатдории мо ҷойгоҳи хос дошта, аҳамияти бузургеро соҳиб аст.

       Ёдовар мешавем, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори аввал рӯзи 24 ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Он ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои давлату миллат буда, бо рангу нақшҳои хос шакл  гирифтааст. Рангҳои сурху сабз ва сафеди парчами мо таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар буда, тоҷ ва ҳафт ситора баёнгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ мебошад. Бино ба шаҳодати таърих миллати тоҷик дорои фарҳанги қадимаи давлатдорӣ буда, дар гузашта низ рукнҳои давлатдориро бо рамзҳои хос гузоштааст. Дирафши Ковиён, ки ба сифати рамзи давлатдории ниёгони мо шинохта шудааст, мисоли равшани ин гуфтаҳост ва қонун дар ливои Президенти кишвар чун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо тасвир ёфтааст. Имсол бори дувум мешавад, ки мо 24 ноябрро ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мекунем. Дар ин замина ба таври расмӣ ва оммавӣ истиқбол кардани Рӯзи парчам ҳар фарди ҷомеаро дар ростои шинохти арзишҳои миллӣ, назири муҳимтарин рамзи давлатдорӣ-парчамдорӣ қарор медиҳад. Дар ростои ин амр эҳтимол меравад, ки хурду калони тоҷик моҳияти парчамро бештар эҳсос намуда, бо камоли майл ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба он эҳтиром мегузоранд. Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар соли 2009 таъкид бар он доштанд, ки «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришти фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад». Воқеан мо бояд дар партави ин ҳарфҳои Сарвари давлат амал намуда, ҷойгоҳи Парчами давлатиро дар ниҳоди худ афзалият бахшем. Мо, намояндагони ҳокимияти судӣ, ифтихор аз он дорем, ки Конститутсия ба мо ҳуқуқ додааст, ки зери Парчами давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои асоснок ва одилонаи судӣ қабул намоем. Чунин салоҳият моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ талаботи Конститутсия, қонунҳоро рияо карда, иҷроиши онҳоро аз ҷониби шаҳрвандон таъмин намоем. Ҳамзамон дар доираи муқаррароти қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат, ташкилоту муасиса, корхонаҳоро ҳимоя намуда, адолати иҷтимоиро таъмин намоем.           Судяҳои суди

шаҳри Ваҳдат:                 Муминзода Исмоил Маҳмадулло

                                                 ва Ҳалимбекзода Иброҳим.