ДУЗД БА МАҲБАС НИШАСТ

       Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро нисбати Эшматов Ҳасан Ҳасан мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда сокини деҳаи Чиртаки ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат буда, 4 апрели соли 1994 чашм ба олам кушодааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, мувақкатан бекор, муҷаррад.

       Эшматов Ҳасан Ҳасан ба корҳои муфиди ҷамъияти машғул нашуда, ба дуздӣ даст задаст. Масалан, у 15 январи соли 2018, соати 11-00 ҳамроҳ бо Додарбеков Иброҳимбек Ёрибекович, санаи таваллудаш 23 декабри соли 1985, сокини шаҳри Ваҳдат, кучаи Гулистон-64, ҳуҷраи 1, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон, ҳангоми дар бозори «Роҳи оҳан»-и шаҳр қарор доштанашон аз дохили дукони таъмири пойафзоли шаҳрванд Каримов Лоиқҷон Мирзошарифович, санаи таваллудаш 11 ноябри соли 1990, сокини ноҳияи Файзобод, Ҷамоати Вишгард, деҳаи Лолагӣ як телефони мобилии тамғаи «Самсунг», галакси 3»-и рангаш сиёҳро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари ба шаҳрванд Каримов расонидаи онҳо 500 (панҷсад) сомониро ташкил медиҳад.

         Рузи 11 марти соли 2018, тахминан соати 19-00 бошад, Эшматов Ҳасан чор чархи автомашинаи сабукрави писарамакаш Фозилов Шомаҳмад Маҳмадалиевич, санаи таваллудаш 25 августи соли 1985, сокини деҳаи Чиртакро ба яғмо бурда, ба у ба маблағи 800 (ҳаштсад) сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

         Ҳасан Эшматов ва Иброҳимбек Додарбеков майдони дуздиро фаррох ёфта, доираи амалиёташонро равнақ бахшиданд. Чунончӣ, онҳо 14 марти соли 2018, тахминан соати 23:30 дақиқа дар тарабхонаи «Ваҳдат»-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Баҳор аз ҷайби шаҳрванд Розиқзода Беҳрузи Сарахон, санаи таваллудаш 22 феврали соли 1992, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати Абдулло Абдулвосиев, деҳаи Баҳористон як телефонии мобилии тамғаи «Айфон»-и рангаш сафедро моҳирона дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Зарари ба у расонидаи ин ду «дусти ҳампеша» 400 (чорсад) сомониро ташкил медиҳад.

         Судшаванда Ҳасан Эшматов дар мурофиаи судӣ бо айби бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои «а,б,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба у эълоншуда худро пурра гунаҳгор донист. Вай ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки парванда бо тафтиши соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ шавад. У дар аризааш изҳор дошт, ки то ҳамин муддат зарари ба ҷабрдидаҳо Каримов Л.М. Фозилов Ш.М. ва Розиқзода Б.С. расонидаашро пурра ҷуброн кардаааст.

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, Эшматов Ҳасанро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,б,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист. У бо моддаи мазкур ва дастрасии моддаи 63-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ҳашт моҳ аз озоди маҳрум гардонда шуд. Ҳасан Эшматов муҳлати ҷазоро дар колоннияи ислоҳии дорои низоми умумӣ адо мекунад.

 

Шуҳратҷон Маҳмадназарӣ

Судяи суди ш.Ваҳдат.