ДУЗД БА МАҲБАС НИШАСТ

          Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушодаи сайёри судӣ дар бинои ШВКД-и шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати И.А. мавриди баррасӣ қарор дод. Номбурда сокини деҳаи Ширинчашмаи ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат буда, 28-уми апрели соли 1976 чашм ба олам кушодааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, мувақкатан бекор, оиладор соҳиби чор фарзанд.

И.А. ба корҳои муфиди ҷамъияти машғул нашуда, ба дуздӣ даст задаст. Масалан, ӯ 06 июли соли 2020, соати 23-00 ҳангоми дар кӯчаи Ватани шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, ба воситаи кушодаи дари таҳхонаи бинои истиқоматии №1, ки ба шаҳрванд Қодирова Дилрабо Сафарбековна таалуқ дорад, ба дохилаш даромада аз онҷой як адад муҳарики барқии обкашӣ арзишаш 1000 сомонӣ дуздида, онро ба бозори «Ганҷина»-и шаҳри Душанбе бурда, ба шаҳрванд Ахмедов Х.А. ба маблағи 60 сомонӣ фурӯхтааст, ки бо ин кирдорҳояш ба ҷабрдида Қодирова Д.С. зарари ҷиддӣ расонидааст. Зарари ба шаҳрванд Қодирова Д.С. расонидаи ӯ 1000 (ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

         Дар санаи 19-уми июли соли 2020, тахминан соати 23-00 бошад, И.А. аз дохили анҷомхонаи шаҳрванд Шамсов М.М. аробаи дучархаро гирифта онро ба бозори Ганҷинаи шаҳри Душанбе бурда ба шаҳрванд Ахмедов Х.А. ба маблағи 200 сомонӣ фурӯхтааст, ки  ба ҷабрдида ба маблағи 700 (ҳафтсад) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

         И.А. майдони дуздиро фаррох ёфта, доираи амалиёташро равнақ бахшидаст. Чунончӣ, ӯ 06-уми сентябри соли 2020 тахминан соати 22:00 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат қарор дштанаш ба воситаи шикастани қулфи дари таҳхона бинои истиқоматии №10, ки ба шаҳрванд Ибрагимов Собирҷон таалуқ дорад, ба дохилаш даромада аз он ҷой аробаи дучархаи тамғаи «Барс» арзишаш 1200 сомонӣ дуздида аз он ҷой ғайб задааст, ки ба ҷабрдида зарари ҷиддӣ расонидааст. Инчунин ӯ такроран дар санаи 10-уми октябри соли 2020 тахминан соати 22:00 дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ватани шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш,ба дохили бинои сохтмонаш нотамоми маркази  ташхисии табобатии шаҳри Ваҳдат даромада, аз ошёнаи сеюми бинои мазкур як адад муҳарики барқӣ арзишаш 3000 сомонӣ, як адад асбоби барқии борбардорӣ арзишаш 5000 сомонӣ, чил метр оҳани арматура арзишаш 100 сомонӣ ва 15 метр сими барқии чорқабата арзишаш 300 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 8400 сомонӣ, ки ба шаҳрванд Рабиев Р. таалуқ дорад дуздида баъдан арматураҳои дуздидагиро ба шаҳрванд Шамонов С. ба маблағи 130 сомонӣ фурӯхта, муҳарики барқӣ, асбоби барқии борбардор ва 15 метр сими чорқабатати барқиро ба бозори «Ганҷина»-и шаҳри Душанбе бурда, ба шахси ба тафтишоти пешакӣ номаълуми бо номи Давлат ба маблағи 720 сомонӣ фурухтааст, ки бо ин кирдорҳояш ба ҷабрдида Рабиев Р. зарари ҷиддӣ расонидааст.

         Судшаванда И.А. дар мурофиаи судӣ бо айби бо моддаи 244 қисми 2, бандҳои «а,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ эълоншуда худро пурра гунаҳгор донист. Вай ба суд аризаи хаттӣ пешниҳод намуда, хоҳиш кард, ки парванда бо тафтиши соддакардашудаи тафтиши судӣ баррасӣ шавад. Ӯ дар аризааш изҳор дошт, ки то ҳамин муддат зарари ба ҷабрдидаҳо расонидаашро пурра ҷуброн кардаааст.

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, И.А-ро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «а,в,г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 (се) сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуда, ӯ бо моддаи мазкур муҳлати ҷазоро дар колоннияи ислоҳии дорои низоми умумӣ адо мекунад.

 

Зафар Қодирзода-

Судяи суди ш.Ваҳдат.