ДИРАФШИ МИЛЛӢ

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ ва нишонаи соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад. Таърихи пайдоиши аввалин парчам то ҳанӯз таҳқиқ нагардида аст. Сарчашмаҳои қадима пайдоиши нахустин парчамро дар сарзамини Чин, Миср ва Эрон пешгӯйӣ кардаанд. Дар ин қатор метавон парчами миллии моро низ ҷой дод, ки таърихи қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафш (парчам, алам, ливо) будаанд.  «Дирафши ковиёнӣ» яке аз аввалин парчами қадимаи мардуми мост. Он солҳои сол ҳамчун дирафши миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт. Дирафши мазкур пешдомани чармини Коваи оҳангар (яке аз қаҳрамонони мусбати асари безаволи «Шоҳнома» – и Абулқосими Фирдавсӣ) мебошад, ки онро ба сари чӯбе баста, ба муқобили Заҳҳок бархостааст. ӯ халқи азияткашидаро ба шӯриш даъват намуда, бар душман ғолиб омад. Шоҳ Фаридун он ливоро муқаддас шумурда, бо зару ҷавоҳирот орост. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар бобати ин дирафш мефармояд:

Фурӯҳишт з – ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш: «Ковиёни дирафш».

Назар ба маълумоти сарчашмаҳо, гузаштагони мо – орёиҳо оини парчамдориро гиромӣ дошта, ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ бо он ифтихор менамудаанд. Бузургмардони ориёӣ, монанди Рустами Дастону Коваи оҳангар,  Фрадаи Марғиёниву Спитамен, Деваштичу Муқаннаъ, Маҳмуди Торобиву Темурмалик бо парчами пурҷилои хеш мардумро ба ватандӯстиву худогоҳӣ даъват кардаанд.

Рангҳои гуногуни парчам,  аз қабили сурх, сафед, сабз, зард, бунафш, кабуд ва аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи тайнамудаи гузаштагон буда, дар маҷмӯъ ифодагари ватандӯстиву ватанпарастӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи мутараққӣ ва амсоли инҳост.  Аз ҷумла, ранги сурх рамзи мубориза, ҷоннисории халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият; ранги сафед нишонаи бахту иқбол, умеду орзу, покиву озодагӣ; ранги сабз аломати сарсабзиву хуррамӣ, саъю кӯшиш, нумӯву сарбаландӣ, некиву дастгирӣ, заҳмат баҳри ободии кишвар; тасвири тоҷ нишон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилият ва ҳафт ахтар (ишора ба ҳафт зинаи камолоти инсон, ҳафт иқлим, ҳафт қабати осмон, ҳафт ситораи бародарон, ҳафт рӯзу шаби ҳафта, ҳафт минтақаи таърихиву мадании кишвар – Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон) таҷассумгари соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолист.

Парчами давлатии Тоҷикистон 24 – уми ноябри соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олӣ қабул шудааст. Бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 11 – уми декабри соли 1999 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар Низомнома омадааст: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Бо эълон доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи беш аз 100 давлати ҷаҳон дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид Парчами Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷилвагар гардид ва кишвари ҷоно ҷони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Зеро:

Як нишони Ватан парчам аст,

Шаъну шони Ватан парчам аст.

Қудрати лашкар аз парчам аст,

Шавкати кишвар аз парчам аст.

Дар ҷаҳон манораҳои бузурги парчам қомат афрохтаанд, ки бо шукӯҳу шаҳомати хеш машҳур мебошанд. Чунончи, парчамҳои Амороти Муттаҳидаи  Араб дар баландии 123 метр, Ҷумҳурии Туркманистон – 133, Ҷумҳурии Озарбойҷон – 162, Кореяи Шимолӣ – 160, Акаба – 132 ва Уммони Иордания дар баландии 127 метр партавфишонанд.

Дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе 25 – уми майи соли 2011 Парчами давлатӣ бо дарозии 60 метр ва бари 30 метр дар баландии 165 метр бо вазни 250 кг бунёд гардида, ҳамон замон ҳамчун баландтарин парчами ҷаҳон эътироф гашт.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин муқаддасоти кишвари азизамон буда, ҳамчун ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳо, халқи моро ба сӯйи ояндаи нек ва дурахшон раҳнамоӣ менамояд.

Парчам нишони бақои давлат ва миллати кишвар, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, минҷумла, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас ба ҳисоб меравад. Эҳтироми он вазифаи асосӣ ва пурифтихори ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Тоҷикистони азизам, парчамат поянда бод,

Мавҷзан дар зери гардун қосиди оянда бод!

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат:

Муминзода И.М. ва

пристави суд Амирзода У.Т.