Дар ҳолати мастӣ идора намудани автомошина

          Суди шаҳри Ваҳдат Сармисоқи Сайфуллозодаро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина 15 (понздаҳ) шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин  намуд.

         Сармисоқи Сайфуллозода сокини шаҳри Ваҳдат , Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Сароб барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) шабонаруз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт таъин намуд. Суд ҳамчунин Сармисоқи Сайфуллозодаро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол маҳрум кард.

         Ҷавобгар Сармисоқи Сайфуллозода муҷаррад буда, муваққатан бекор мебошад. У ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнушӣ даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат идора намуда, барои кудакону наврасони сокинони ҳудуди шаҳри Ваҳдат хатар эҷод намудааст. Мавсуфро дар ин ҳолат аз тарафи нозирони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дастгир карда шудааст.

         Бояд қайд кард, ки соли равон ба суди шаҳри Ваҳдат бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, 32 парванда ворид гардидааст. Аз ин парвандаҳои воридгардида 29 парванда баррасӣ гардида аз ин 22 нафар ронандагони майнуш аз сабаби паст будани вазъи иқтисодиашон 15 (понздаҳ) рузӣ ба ҳабс гирифта шудаанд ва 7 (ҳафт) навари дигар ба маблағи 115 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудаанд.

         Инчунин 29 нафар ронандагони маст аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум карда шудаанд.

 

         Судяи суди шаҳри Ваҳдат Қодирзода З.А.