Дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина

           Суди шаҳри Ваҳдат Раҷаббек Муродовро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани автомашина ҷарима намуд.

    Раҷаббек Муродов сокини шаҳри Ваҳдат , Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Тангаи барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба у бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 16500  (шонздаҳ ҳазору панҷсад) сомонӣ таъин намуд. Суд ҳамчунин Раҷаббек Муродовро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 (панҷ) сол маҳрум кард.

       Ҷавобгар Раҷаббек Муродов оиладор, соҳиби 4 (чор) фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад. У ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнушӣ даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар деҳаи Тангаӣ идора намуда, барои кудакону наврасони сокинони деҳа хатар эҷод намудааст. Мавсуфро дар ин ҳолат аз тарафи нозирони ШБДА ШВКД дар шаҳри Ваҳдат дастгир карда шудааст.

         Бояд қайд кард, ки соли равон ба суди шаҳри Ваҳдат бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт, 34 парванда ворид гардидааст. Аз ин парвандаҳои воридгардида 30 парванда баррасӣ гардида аз ин 23 нафар ронандагони майнуш аз сабаби паст будани вазъи иқтисодиашон 15 рузӣ ба ҳабс гирифта шудаанд ва 7 навари дигар ба маблағи 115 ҳазору 500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима шудаанд.

         Инчунин 30 нафар ронандагони маст аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум карда шудаанд.

 

         Муовини якуми Раиси

суди шаҳри Ваҳдат Холиқзода Б.