БЕМАСЪУЛИЯТИ ЧӢ ПАЙОМАДҲО ДОРАД?

         Қабули ҳар гуна қонун заруриятест, ки ҳаёт ва ҷомеа ба миён меорад. Чуноне дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, мақсади он пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

         Бепарвоии аксари волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд, аз илму ҳунаромӯзӣ дур мондану ба оварагардию корҳои номатлуб даст задани наврасон ва билохира, косташавии ахлоқу маърифату фарҳанги онҳо, ки ворисони ояндаи миллат шуморида мешаванд, зарурати қабули ин қонунро пеш овард. Ба хотири ояндаи миллату ҷомеа ва тарбияи ворисони сазовор меарзад, ки ҳар як банди қонунро бо масъулияти баланд иҷро кунему мавриди амал қарор диҳем. Гарчанде аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол сипари гардида бошад ҳам, имрӯз ҳастанд нафароне, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанду ин кирдори онҳо муайяну ошкор гардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

         Масалан, чанде пештар аз тарафи мақомоти таҳқиқ нисбати ҳуқуқвайронкунанда  С.А. бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки фарзанди ноболиғаш С.Н. хонандаи синфи ҳашт аз бемасъулиятии ӯ истифода намуда, ба ҷойи он, ки ба мактаб рафта, таълим гирад, ба маркази бозиҳои компютерии кӯчаи Хуросон рафта ба бозии «Контр» машғул шудааст. Дар мурофиаи судӣ бемасъулиятии ҳуқуқвайронкунанда С.А. дар таълиму тарбияи фарзанд исбот гардида, нисбаташ барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 180 сомонӣ ба манфиати давлат таъин карда шудааст.

         Бинед, ки як бемасъулиятӣ ба аъзои оила чӣ қадар ҳисороти молиявию равонӣ меоварад. Пас, хуб нест, ки талаботи қонунро риоя карда, илоҷи воқеаро пеш аз вуқуъ ҷӯем? Бо ин кор метавонем аз ҳар гуна ташвиш дар амон бошем ва ҳам фарзандони бомаърифату бофарҳанг ва сазовори давру замонро ба воя расонем, то онҳо ворисони ҳақиқии Ватану миллат ва аҷдоду марзу бум бошанд.

         Дар сархати 2 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст: «-пас аз таваллудфарзандро дар мӯҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд». Риоя нагаштани талаботи ин моддаи қонуни зикршуда метавонад дар ҳисобҳои омории давлатва ба қайд-гирии ҳармоҳаи шумораи аҳолӣ, ҷинс ва ғайра носаҳеҳиҳо ворид созад. Аз ин рӯ, қонун ҳар як падару модарро вазифадор намудааст, ки пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд ва ба ӯ шаҳодатномаи таваллуд гиранд. Вале истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Симиганҷ С.Ҷ. соли гузашта писарчадоршуда, ҳарчанд ба ӯ ном гузошта бошад ҳам, вале муддати даҳ моҳу 16 рӯз писарашро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нугазарондааст. Суд ин кирдори ҳуқуқвайронкунанда С.Ҷ.-ро бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намуда, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар бо 180 сомонӣ ба манфиати давлат таъин кардааст.

         Таасуфовар аст, ки чунин мисолҳо хеле зиёданд. Дар мурофиаҳои судӣ чунин бемасъулиятии падару модарон тез-тез мавриди муҳокима қарор мегиранд. Агар оиди ин масъала як санҷиши махсус гузаронида шавад, боварӣ дорем, ки садҳо чунин бемасъулиятиҳо ошкор мегарданд.

         Дар таълиму тарбияи фарзанд бетарафӣ ё саҳлангорӣ кардан натанҳо бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои худ, балки нодида гирифтани қонунҳои кишвар низ мебошад.

         Аз ин рӯ, биёед вазифаю масъулиятии худро бо амри виҷдонбо ҷо оварда, ба буҷаи оилаю давлат ҳисорот ворид насозем ва фарзандон-ворисони сазовору ифтихори падару модарва Ватанро тарбия намоем.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат:

Муминзода И.М.