БА БОВАРӢ САЗОВОР БОШЕМ

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, 26-уми январи соли 2021 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид.

         Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар соҳаҳо фаъолияти мақомоти судиро низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз кормандони он иҷрои босифати вазифаҳои хидматиашонро талаб намуданд: «Ман дар вохӯрӣ бо судяҳо моҳи ноябри соли 2019 вобаста ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият, роҳ надодан ба кирдорҳои коррупсионӣ ва бартарафсозии баъзе камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти судӣ ҷойдошта ибрози андеша карда будам. Аз ин рӯ, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд».

Ҳамин таъкидҳои Сарвари давлатро, мо кормандони суди шаҳр меъёри фаъолияти худ қарор дода, пайваста мекӯшем, ки парвандаҳои ба истеҳсолот воридшударо сари вақт баррасӣ намуда, ҳукмҳои одилона барорем. Ба муроҷиати шаҳрвандон бо касбияти баланд ҷавоб гӯем ва ба номи пуршарафи судя сазовор бошем.

 

         Судяи суди шаҳри Ваҳдат:

         Қодирзода З.А.