АЗ АДОИ ҶАЗО САРКАШӢ КАРД

          ҚОНУНГУЗОРИИ Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ саркашӣ кардани шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае, ки ба у бо мақсади аз ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати кутоҳ сафар кардан иҷозат дода шудааст, ҳамчун ҷиноят муқаррар мекунад. Содир намудани кирдори мазкур боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс мегардад.

         Бале, саркаши аз адои ҷазои ҷиноятӣ, аз колонияҳои ислоҳӣ гурехтан, ба нишондодҳои қонун риоя накардан ва амсоли инҳо барин кирдорҳои ба ҷомеа зарарнок ҷиноят буда, риоя накардан ба онҳо касро дубора ба маҳбас мебарад. Анна, ба ҳамин ҳолат айнан шаҳрванд А. ру ба ру шуд. Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати номбурда баррасӣ карда, муайян кард, ки у 25 ноябри соли 2017 дар асоси таъиноти маҷлиси судӣ аз муасисаи ислоҳии ЯС-3/2 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муасисаи ислоҳии сукунатии ЯС-3/10 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати як солу чор моҳу шаш руз гузаронида шуд. Мавсуф ҳангоми ба муасисаи ислоҳии сукунатӣ ворид шудану адои ҷазо намуданаш бо қоидаҳои тартиботи дохилии муасисаи ислоҳӣ, шартҳои адои ҷазо ва талаботҳои моддаҳои 364 ва 365-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман шинос карда шуда буд. Шаҳрванд А. дар асоси шартномаи байни муасисаи ислоҳии сукунатии ЯС-3/10 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ангар-1» аз 25 декабри соли 2017 бо меҳнати музднок бо кор таъмин мегардид. У тибқи фармоиши сардори муасисаи ислоҳии сукунатии мазкур расман уҳдадор буд, ки дар як моҳ ду мартиба барои аз қайд гузаштан ба муасисаи мазкур ҳозир шавад. Шаҳрванд А. дар асоси талаботи муқарраршуда фақат моҳи сентябри соли 2018 аз қайди муасиса гузашту халос. Аз моҳи октябри соли 2018 бе ягон сабаби узрнок ба ҷойи кораш ва муасисаи ислоҳии сукунатӣ ҳозир нашуд. У қасдан аз адои ҷазои минбаъда саркашӣ намуда, ба ҷойи номаълум ғайб зад…

         Ҳамин тавр, саркашӣ аз адои ҷазо ва нофармонӣ ба қонун шаҳрванд А.-ро дубора ба маҳбас бурд. Суд ҳангоми таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда, шахсияти судшаванда  ва ҳолатҳои корро ба назар гирифта, уро бо ҳукмаш тибқи моддаи 364-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист ва нисбаташ бо ҳамин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таин намуд.

 

         Шоҳин Қурбонзода,

         Судяи суди ш.Ваҳдат.